Тедрос дар бораи иҷозаи Ҳаҷ танҳо ба арабистониҳо: мефаҳмем, ки мусалмонон ғамгин шуданд

© REUTERS \ Saudi Press AgencyВерующие в мечети аль-Харам в Мекке молятся в священную "ночь силы" на фоне эпидемии коронавируса
Верующие в мечети аль-Харам в Мекке молятся в священную ночь силы на фоне эпидемии коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вай гуфт, ки СУТ ин қарорро дастгирӣ ва дарк мекунад, ки қабули он душвор буд, чунки теъдоди зиёди мусулмононе, ки имсол нияти ҳаҷ кардан буданд, ғамгин шуданд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Бо сабаби вазъи вобаста ба коронавирус, имсол Арабистони Саудӣ миллионҳо ҳоҷиро, ки аз кишварҳои дигар ҳар сол ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба Макка меоянд, қабул нахоҳад кард. Танҳо касоне, ки дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд маросими ҳаҷро адо намоянд.

Паломничество в Мекку - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷ - 2020 лағв мешавад? Дар Арабистони Саудӣ теъдоди маризони COVID -19 рӯ ба афзоиш аст

Дар ин бора 24 июн зимни нишасти матбуотӣ дар Женева директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гейбрисус иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иттилоотии СММ.

«Ин қарор бар асоси таҳлили сенарияҳои гуногун, арзёбии сатҳи хатар ва тавсияҳои СУТ қабул шудааст. Вазифаи асосӣ ин ҳифзи бехатарии зиёраткунандагон ва коҳиши ҳарчи бештари хатари тавсеъаи сироятёбӣ мебошад» — гуфт доктор Тедрос.

Вай гуфт, ки СУТ ин қарорро дастгирӣ ва дарк мекунад, ки қабули он  душвор буд, чунки теъдоди зиёди мусулмононе, ки имсол нияти ҳаҷ кардан буданд, ғамгин шуданд. «Ин боз як мисоли он аст, ки барои ҳифзи саломатии одамон чунин қурбониҳоро бояд таҳаммул кард» — илова намуд роҳбари СУТ.

 

Лентаи хабарҳо
0