ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Колхитсин, доруи зидди илтиҳоб, ки аввалин бор садсолаҳо пеш истифода шуда буд, барои коронавируси нав муассир будааст, менависад маҷаллаи илмии JAMA Network Open бо такя ба як тадқиқоти олимони Юнонӣ.
Гуфта мешавад, доруи мазкур барои коҳиш додани бемориҳои, артрит ва панкреатит муаян карда шудааст. Бори аввал маҳсулот барои омода кардани ин дору аз гули крокуси тирамоҳӣ тақрибан ду ҳазор сол пеш ба даст оварда шуда буд.
Дар ҷараёни таҳқиқот олимон беморони гирифтори коронавирусро ба ду гурӯҳ тақсим карда, ба 55 бемор дар тӯли се ҳафта колхитсин тавсия карда ва 50 нафари боқимондро ба таври маъмулӣ табобат кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, ба 55 нафари аввал, ки колхитсин тавсия шуд танҳо як нафар ба дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ ниёз пайдо кард, аммо дар гуруҳи дигар ки бо усули маъмулӣ табобат мегирифтанд ҳафт нафарашон зери дасгоҳи ИВЛ рафтанд.
"Ҳамин тариқ, фарқияти шумораи ҳолатҳои вазнин ҳафт маротиба афзоиш ёфтааст", гуфта мешавад дар мавод.
Коршиносони юнонӣ натоиҷи пешакии тадқиқотро гуфта, изҳор доштаанд, ки такроран санҷишҳои иловагӣ гузаронида мешавад.
Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон
Тибқи гуфтаҳои кардиологи Донишгоҳи Калифорния Амир Раббонӣ, пажӯҳиши олимони Юнон нишон медиҳад, ки колхисин таъсири зидди илтиҳобӣ ва зиддикоагулянтӣ дорад, ки ин эҳтимолияти зарар ба дилу рагҳоро замони гирифторӣ ба коронавирус коҳиш медиҳад.