ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Академики Академияи илмҳои муҳандисии Чин, яке аз эпидемиологҳои пешбари ин кишвар Чжун Наншан дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Жинмин жибао" дар мавриди мӯҳлати ба анҷом расидани пандемия ибрози назар кардааст.
Чин дубора ба коронавирус пирӯз шуд
Ба гуфтаи ӯ, вируси COVID-19 на дар фасли зимистон ва на баҳори соли оянда қатъ мешавад. Аммо эпидемиологи Чин таъкид намуд, ки ҷаҳон ба мавҷи дуюми даҳшатбори ин маризӣ рӯбарӯ намешавад.
"Эпидемия на зимистон ва на баҳор хотима меёбад. Шояд, мавориди сироятшавӣ ба ин маризӣ афзоиш ёбад, вале ба ҳар сурат ҷаҳонро мавҷи дуюми ин маризӣ домангир намешавад", - изҳор доштаст ӯ
Ба пешниҳоди ӯ, барои роҳ надодан ба авҷи мудҳиши ин беморӣ бояд чораҳои саривақтӣ андешид. Наншан ду пешниҳод намудаст, ки метавонад ҷаҳонро аз мавҷи дуюми ин маризӣ наҷот диҳад.
"Нахуст бояд шумораи парвозҳоро ба ҳадди максималӣ коҳиш дод ва дуюм дари муассисаҳои таълимиро бояд баст".
Пешниҳоди эпидемиологи Чин дар ҳолест, ки қаблан раҳбари Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адхан Гебрейесус гуфта буд, ки ҷаҳон ба марҳилаи нави хатарноки пандемия аз коронавирус ворид шудааст.