Ҷашнҳои рӯзи 24 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 24 июня
День 24 июня - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту чоруми июн дар Озарбойҷон аз Рӯзи кормандони саноати мошинсозӣ ҷашн мегирад. Дар Фаронса бошад, дар ин сана Рӯзи эълон намудани ҷумҳурӣ баргузор гардид

Рӯзи 24 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 дар Душанбе Боғи "Пойтахт" ба истифода дода шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гардид.

День 23 июня - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 23 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.

Соли 2013 дар меҳмонхонаи Шератони шаҳри Алкувайт бо иштироки Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик маросими муаррифии  китоби арзишманди таърихӣ- "Тоҷикон дар оинаи таърих"- и Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид.

Соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Рӯзи 24 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1940 аввалин маротиба камераҳои телевизионӣ барои нишон додани ҳодисаҳои сиёсии анҷумани ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии Америка истифода шуданд.

Соли 1951 шабакаи телевизионии тиҷоратии ранга ба пахши барномаҳояш шурӯъ кард.

Соли 1973 Леонид Брежнев  ҳангоми сафари расмии худ ба Америка иброз дошт, ки аллакай ҷанги сард ба итмом расидааст.

© Sputnik / Михаил Кулешов / Гузариш ба медиабонкЛеонид Ильич Брежнев, Генеральный секретарь ЦК КПСС.
Ҷашнҳои рӯзи 24 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Леонид Ильич Брежнев, Генеральный секретарь ЦК КПСС.

Соли 1995 дар Африқои Ҷанубӣ Ҷоми ҷаҳон оид ба регбӣ баргузор гардид.

Соли 1930 аввалин маротиба барои бехатаргардонии ҳавопаймо дар Анакост (ИМА) радар истифода бурда шуд.

Соли 1947 аввалин маротиба дар осмон пайдо шудани объекти ношинос ба қайд гирифта шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 июн

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони саноати мошинсозӣ.

Дар Венесуэла — Рӯзи артиш.

Дар Шотландия — Рӯзи Истиқлолият.

Дар Франсия — Рӯзи эълон намудани ҷумҳурӣ.

Рӯзи 24 июн кӣ ба дунё омадааст

Соли 1908 — Марина Ладинина, ҳунарпешаи театр ва кино, ҳунарманди халқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ.

Соли 1987 — Лионел Месси, футболбози аргентинӣ.

© Sputnik / Vladimir Pesnya / Гузариш ба медиабонкАргентинский футболист Лионель Месси радуется забитому голу в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Нигерии и Аргентины
Ҷашнҳои рӯзи 24 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Аргентинский футболист Лионель Месси радуется забитому голу в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Нигерии и Аргентины

Рӯзи  24 дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1920 - Ворис Серебрянский, наққош,ходими чсанъати Тоҷикистон.

Соли 1934 - Александр Яблоков, нависандаи русзабон.

Соли 1949 - Додихудо Саймуддинов, доктори илмҳои филология, ходими давлатӣ.

Соли 1950 - Муаззама Иброҳимова, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон

Рӯзи 24 июн кӣ даргузашт

Соли 1950 — Иван Шмелев, нависандаи русзабон, публисист.

Соли 1963 — Владимир Диховичний, нависандаи шӯравӣ, драматург, ҳунарманди эстрада.

Соли 1980 — Борис Кауфман, наворбардор ва режиссер.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0