Ҷашнҳои рӯзи 23 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 23 июня
День 23 июня - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту сеюми июн Рӯзи байналмилалии олимпӣ буда, ҳамчунин Рӯзи хизматчиёни давлатии Созмони Милали Муттаҳид ва дар Молдавия Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 22 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1846 Адолф Сакс ихтироъкори белгиягӣ барои истеҳсоли саксафон патент гирифт.

День 22 июня - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 22 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1860 Хадамоти махфии Америка таъсис дода шудааст. Дар оғози фаъолият Хадамот танҳо оид ба мубориза бар зидди долларҳои қалбакӣ фаъолият мекардааст.

Соли 1897 бар асари оташфишонии дарозтарин вулқони Майон дар Филиппин зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1902 Австро-Венгрия, Германия ва Италия барои 12 сол Иттифоқи сегона барқарор карданд.

Соли 1976 дар Торонто (Канада) аз ҳама манораи баландтарини ҷаҳон бо дарозии 550 метр кушода шуд.

Соли 1985 бар асари таркиши бомба дар дохили ҳавопаймои «Боинг-747»-и ширкати «Эр-Индия» зиёда аз 329 нафар ба ҳалокат расиданд. «Боинг-747» дар уқёнуси Атлантик дар наздикии Ирландия суқут кард.

Соли 1998 аввалин маротиба дар ҷаҳон аз як кас ба каси дигар гузаронидани ҳуҷайраҳои мағзи сари инсон ба қайд гирифта шудааст.

Соли 2016 шаҳрвандони Бритониё барои баромадан аз ҳайъати Иттиҳоди Урупо овоз доданд.

Рӯзи 23 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2004  Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуд, ки тибқи он воситаҳои ахбори оммаи чопӣ барои нашр ва паҳн намудани ахбор  аз  андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.

Соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 13-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафар карданд.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон во время рабочей поездки в ГБАО. Архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 23 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомали Рахмон во время рабочей поездки в ГБАО. Архивное фото

Соли 2013 Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо олитарин мукофоти давлатии худ- ордени «Муборак Алкабир» сарфароз намуд. Инчунин аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ бо ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардонида шуд.

Соли 2014 дар Малайзия Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба машваратҳои дуҷониба ба имзо расид.

Соли 2014 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вохӯрии шашуми коршиносони Хадамоти сарҳадбонии мақомоти салоҳиятдори кашварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида буд.

Соли 2014 дар Қасри Подшоҳи Малайзия дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи ин кишвар волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Малайзия баррасӣ карда шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 июн

  • Рӯзи байналмилалии олимпӣ.
  • Рӯзи хизматчиёни давлатии Созмони Милали Муттаҳид.
  • Дар Молдавия иди умумимиллӣ — Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Қазоқистон — Рӯзи политсия.

Рӯзи 23 июн кӣ ба дунё омадааст

Соли 1763 маликаи Фаронса, ҳамсари аввали Наполеон Бонапарт Жозефина де Богарне.

Соли 1889 шоири рус, мутарҷим ва адабиётшинос Анна Ахматова.

 / Гузариш ба медиабонкРусская поэтесса Анна Ахматова
Ҷашнҳои рӯзи 23 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Русская поэтесса Анна Ахматова

Соли 1912 математики англис таҳиягари аввалин компютерҳо Алан Матисон Тюринг.

Соли 1962 журналисти рус, президенти ширкати телевизионии ВИD Александр Любимов.

Соли 1965 сароянда, ҳунарманди шоистаи Русия Валерий Меладзе.

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПевец Валерий Меладзе
Ҷашнҳои рӯзи 23 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Певец Валерий Меладзе

Соли 1972 футболисти фаронсавӣ Зинедин Зидан. Қаҳрамони ҷаҳон дар соли  (1998) ва Урупо (2000), беҳтарин футболбози ҷаҳон дар солҳои (1998, 2000, 2003).

Рӯзи  23 дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1946 олими шарқшинос, узви вобастаи Академияи илмҳо, корманди шоистаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон Ҷурабек Назриев.

Соли 1949 журналист, ҷоизадори премияи ба номи Лоҳутӣ Ҳабибулло Ёров.

Рӯзи 23 июн кӣ даргузашт

Соли 1444 рӯҳонии проваславӣ Марк Эфесский.

Соли 1995 сироятшиноси амрикоӣ Ҷонас Солк. Ӯ чун яке аз таҳиягарони нахустин ваксини зидди полиомиелита машҳур аст.

Соли 1995 хоккейбоз, футболбоз ва мураббии советӣ Анатолий Тарасов.

© Sputnik / Михаил Озерский / Гузариш ба медиабонкТренер сборной команды СССР по хоккею Анатолий Тарасов
Ҷашнҳои рӯзи 23 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Тренер сборной команды СССР по хоккею Анатолий Тарасов
Лентаи хабарҳо
0