ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ин гузашти низомиро муовини Фармондеҳи олӣ, маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Жуков қабул кард. Фармондеҳии ин парадро фармондеҳи низомиёни 2-юми фронти Белорус маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Константин Рокоссовский бар ӯҳда дошт.
Қарор дар бораи баргузории паради ғолибон аз тарафи сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС Иосиф Сталин пас аз Рӯзи Пирӯзӣ қабул шуд. 24 майи соли 1945 ба ӯ пешниҳоди баргузории гузашти низомӣ аз ҷониби штаби кулл расид. Ӯ пешниҳодро қабул кард, вале муҳлати баргузориро рад кард. Штаби кулл барои омодагӣ ба парад ду моҳ ҷудо карда буд, Сталин фармон дод, то гузашти низомӣ пас аз як моҳ баргузор шавад.
Гузашти низомиро бояд савори асп қабул мекарданд ва Сталин ин корро рад кард. Ӯ онқадар ҷавон набуд ва дар болои асп истодагӣ кардан барояш душвор буд, аз ин рӯ Жуковро даъват карда гуфт: "Шумо ҷавонтаред, барои ҳамин шумо парадро қабул мекунед".
Тибқи дастурҳои штаби кулли Армияи Сурх аз 24 майи соли 1945 барои ширкат дар гузашти низомӣ 10 полк ва ҳамчунин полки Қувваҳои баҳрӣ ва полки Комиссариати халқии дифоъи ИҶШС ширкат карданд.
Дар баробари онҳо дар парад низомиёни Академия ва донишкадаҳои мустақар дар Маскав ва вилояти Маскав ширкат карданд.
Полкҳо аз сержантҳо ва афсарҳое, ки дар давоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳо нишон додаанд, иборат буд. Дар ҳар полк қувваҳои хушкигард, кавалеристҳо, такнчиён, халабонон ва алоқачиён буданд.
Ҳар як полк бештар аз ҳазор низомиро дар бар мегирифт. Бахши Қувваҳои обӣ аз намояндагони қувваҳои Шимолӣ, Балтийский ва Черноморский иборат буданд. Қатораҳои вижа бо ширкаткунандагони гузашти низомӣ то 10 июн аз роҳ расида буданд.. Низомиёнро дар казармаҳои Алешкинских, Лефортовских, Октябрьских ва Чернышевских ҷой доданд.
Омодагиҳои қисмҳои хушкигард дар замини Ходински Маскав дар ноҳияи фурудгоҳи марказии ба номи М.В. Фрунзе гузаронида мешуд. Дар гардиши Садовий, аз назди пули Қрим то майдони Смоленский қисмҳои артеллерӣ омодагӣ медиданд.
Парад бо тартиби хати умумии фронтҳои фаъол аз тарафи рост ба чап гузошта шуд. Барои ҳар қисми низомӣ маршҳои низомиеро интихоб карда буданд, ки бештар маҷбули дилашон ҳастанд.
Барои ҳамаи ширкаткунандагони парад либоси махсуси нав дӯхта шуд. Дар устохонаҳои истеҳсолии Театри бузарги Маскав даҳ штандарт таҳия карда шуд, ки бояд рӯзи парад бо онҳо мебаромаданд.
Ҳамин ҷо садҳо лентаҳо ва 360 байрақи ҷангӣ омода карда шуд. Ҳар як лента нишонгари қаҳрамонии умумӣ бо нишони қаҳрамонӣ буд.
Мувофиқи барномаи баргузоркунандагон гузашти низомӣ бояд бо баровардани Байрақи Пирӯзӣ, ки 20 июн аз шаҳри Берлини Олмон оварда буданд, оғоз мешуд. Онро бояд Михаил Егоров ва Мелитон Кантария, ки байрақи ИҶШС-ро дар рейхстаг ва ҳамчунин Степан Неустроев, ки баталони ӯ гузоштани байрақро посбонӣ мекард, мебароварданд, вале онҳо омодагии хуб надоштанд ва ба ин далел қарор шуд, ки байрақ умуман бароварда намешавад.
22 июни соли 1945 дар рӯзномаҳои марказии шӯравӣ фармони № 370 Сарфармондеҳи кулл Сталин: "Ба муносибати Пирӯзӣ бар Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзи 24 июни соли 1945 дар Маскав дар майдони Сурх гузашти низомии қувваҳои мусаллаҳ баргузор шавад" баромада буд.
Ҳамин рӯз дар майдони Сурхи Маскав репетитсияи умумӣ баргузор шуд.
Субҳи 24 июни соли 1945 рӯзи боронӣ ва абрӣ буд. То соати 8 ҳамаи низомиён ҷойҳои худро дар гузашти низомӣ гирифтанд. Соати 9 минбарҳои назди деворҳои Қасри Кремл аз вакилони Шӯрои Олии ИҶШС, кормандони Комиссариати халқӣ, фарҳангиён, иштирокчиёни сессияи ҷашнии Академияи илмҳои ИҶШС, коргарони завод ва фабрикаҳои Маскав, рӯҳониёни проваславӣ, дипломатҳои хориҷӣ ва меҳмонони бешумори хориҷӣ ҷой гирифтанд.
Соати 9.45 дар минбари Мавзолеи В.И. Ленин раҳбарони ҳукумати Шӯравӣ таҳти раёсати Иосиф Сталин баромаданд.
Фармондеҳи парад Константин Рокоссовский савори асп барои қабули паради таҳти фармони Георгий Жуков истод. Соати 10 бо садои баланди соати Кремл Георгий Жуков савори аспи сафед ба майдони Сурх ворид шуд.
Пас аз рапорт ва фармондеҳи қабулкардаи парад садои "Ҳама гӯш кунед!" (Слушайте все!) ва оркестри иборат аз 1,4 ҳзаор нафар таҳти раҳбарии генерал - майор Сергей Чернетский суруди миллӣ "Славься, русский народ!" - и Михаила Глинка садо дод.
Баъд Жуков аз минбари Мавзолей сухани табрикотии худро гуфт. Пасон суруди миллии ИҶШС ва якҷо 50 салют сар дода шуд. Тамоми майдони Сурхро садои Ура! фаро гирифт.
Пасон марши низомиён сар шуд. Бо тартиби муайян аз шимол ба ҷануб полк таҳти раҳӣбарии фармондеҳи (полки 1 ва 2-и Белорус – бо муовини аввали фармондеҳ): полки Карелия (Маршал Кирилл Меретсков), қисми Ленинград (МаршалЛеонид Говоров), Прибалтийск (генерал Иван Баграмян), 3-юми Белорус (Маршал Александр Василевский), 2-юми Белорус (генерал-полковник Кузьма Трубников), 1-уми Белорус (генерал Василий Соколовский), 1-уми Украина (Маршал Иван Конев), 4-уми Украина (генерал Андрей Еременко), 2-уми Украина (Маршал Родион Малиновский), 3-уми Украина (Маршал Федор Толбухин)ба майдон ворид шуданд.
Низомиёни қисми Қувваҳои баҳриро муовини адмирал Владимир Фадеев раҳбарӣ мекард.
Дар қатори аввал фармондеҳони армия қадам мезаданд.
Дар полки 1-уми Белорус намояндагони қувваҳои низомии Полски бо раҳбарии сардори штаби генералӣ Владислав Корчитс, қарор доштанду дар қисми 4-уми фронти Украина низомиёни 1-уми Чехославакия таҳти раҳбарии генерал Людвик Свобода буданд.
Ҳар як қисми низомӣ қариб бидуни танаффус дар майдон қадам мезад. Баъд оркестр хомӯш шуд ва дар ин хомӯшии сартосарӣ садои 80 барабан баланд шуд.
Ба майдони Сурх колоннаи ҷанговарони қисми 1-уми таъиноти махсуси комиссариати халқии корҳои дохилӣ таҳти раҳбарии Ф. Э. Дзержинский баромаданд, ки 200 байрақи сархамидаи қувваҳои низомии Олмонро мебурданд.
Дар пойдевори Мавзолей ду чӯби купрукмонанд буд, ки низомиён то ин ҷо расида ва байрақҳои сархамидаро ба маънии мағлубияти томи фашизм ҳаво медоданд. Дар ҳамин лаҳза садои қарсакҳои пурмавҷ аз минбарҳо майдони Сурхро ба ларзиш меорвад.
Пасон боз оркестр ба навохтан оғоз кард.
Баъдтар дар майдони Сурх ҳамагуна техникаи ҷангии ИҶШС, низомиёни савори мотосикл ва худравҳо пайдо шуданд.
Паради 24 июни соли 1945 бо гузашти низомиёни оркестрӣ анҷом ёфт. Ин гузашти низомӣ ду соат (122 дақиқа) таҳти борон баргузор шуд. Дар ин парад 24 маршал, 249 генерал, 2536 афсар ва 31 116 сарбоз ширкат карданд.
Соати 11 шаби ҳамин рӯз аз 100 аэростат якбора 20 ракета сар дода шуданд. Кулминатсияи гузашти низомӣ пайдо шудани акси бузурги "Пирӯзӣ" гардид, ки дар дохили абрҳо пайдо шуд.
Рӯзи баъдӣ, 25 июн дар Қасри Кремл ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ меҳмондории бузург баргузор шуд. Пас аз ҷашни бузург дар Маскав бо пешниҳоди раҳбарияти Шӯравӣ моҳи сентябри соли 1945 дар Берлини Олмон гузашти низомии якҷояи низомиёни шӯравӣ, амрикоӣ, анлисӣ ва фаронсавӣ баргузор шуд.