ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳудуди отряд дар муддати кутоҳ дар маҷмуъ наздик ба 30 иншооти ҳарбию иҷтимоӣ бунёд гардиданд.
Раисиҷумҳур аз ҷумла мактаби рақами 12, ки дар дохили отряд барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, ифтитоҳ намуд.
Ҳамчунин дар Отряди сарҳадии Хоруғ кӯдакистони наву замонавӣ ташкил ёфтааст, имкон дорад, якбора то 100 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Раисиҷумҳур инчунин дар дохили Отряди сарҳадӣ аз коргоҳи дузандагӣ, бинои нави Прокуратураи ҳарбии вилоят, Мактаби такмили ихтисос, бинои Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ, шуъбаи махсуси амнияти миллӣ, биноҳои 5 ошёнаи истиқоматӣ, госпитали ҳарбӣ, Маркази таълимӣ барои навдаъватшудагон, ошхона, "Кохи Истиқлол", хобгоҳ ва дигар иншоот боздид карда, бо шароити он шинос шудааст.
Дар пайи суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Отряди сарҳадии Хоруғ бо иштироки ҷузъу томҳои тамоми сохторҳои қудратии кишвар гузашти низомӣ баргузор гардид.