ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истеҳсоли афшура шурӯъ карданд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тавре мабаъ менависад, имсол кишоварзони хоҷагии деҳқонии "Қалъача"-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ният доранд, ки аз 1 гектар кишти помидор 50 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намоянд.
"Айни замон чиниши помидор ҷараён дошта, маҳсулоти пухтарасида аз 500 гр. то 1,5 кг вазн доранд. Маҳсулоти дар ин ҷо истеҳсолшаванда дорои шакл ва таъми хос аст, зеро заминҳои ин минтақа аз оби мусаффои кӯҳҳои барфпӯш обёрӣ карда мешавад", - иброз доштааст роҳбари хоҷагӣ Аҳмадҷон Ахмедов.
Мавриди зикр аст, ки хоҷагии деҳқонии "Қалъача" яке аз хоҷагиҳои пешқадам дар самти истеҳсоли помидор маҳсуб ёфта, ҳамасола даҳҳо тонна помидорро пешниҳоди харидорон менамояд.
Имсол хоҷагидорон ният доранд, ки коркарди маҳсулотро низ ба роҳ монанд. Истеҳсоли афшура ва консерва аз помидорҳои хоҷагӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти тайёр ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба мизоҷон пешниҳод гардад.
Се навъи микроавтобусҳои “Made in Tajikistan” дар Душанбе мусофирбарии санҷишӣ мекунанд
Ёдовар мешавем, ки кишоварзони ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон дар масоҳати 200 гектар навъҳои серҳосили помидорро кишт карда, дар таъмини бозори истеъмолӣ нақши назаррас гузоштанд.