Made in Tajikistan: ду медал ба маҳсулоти тоҷикӣ дар намоишгоҳи Маскав

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкМясная продукция на прилавке
Мясная продукция на прилавке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
27-умин намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо "ProdExpo-2020" аз 10 то 14 феврал дар Маскав баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Обҳои ташнагишикани "Лимонад №1" ва "Хаватаг №1 Докторская"-и  ширкати "Евро Азия-2005"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  озмуни "Маҳсулоти беҳтарин", ки дар  доираи намоишгоҳи "ProdExpo-2020"  дар шаҳри Москва доир шуд,  соҳиби 2 медали тиллоӣ гардиданд, гузориш медиҳад "Ховар".

Эмомали Рахмон вместе с Рустамом Эмомали открыли автобусный завод в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Се навъи микроавтобусҳои “Made in Tajikistan” дар Душанбе мусофирбарии санҷишӣ мекунанд

Назар ба иттилои сарчашма, ҳамзамон созмондиҳандаи ширкати "Евро Азия-2005"-барои саҳмгузорӣ дар соҳаи истеҳсоли хӯрокворӣ бо медал сарфароз гардид.

27-умин намоишгоҳи  байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо "ProdExpo-2020" аз 10 то 14 феврал дар шаҳри Маскави Русия баргузор гардид, ки дар он ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон аз навоҳии  тобеи марказ вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, ки ба истеҳсоли  нӯшокиҳои ташнагишикан, меваҳои хушк, лимӯ, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, иштирок намуданд.

Қарори Ҳукумат: сабукӣ барои тавлиди “Мерседес”-ҳои “Made in Tajikistan”

"ProdExpo-2020"  бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Русия ва Аврупои Шарқӣ  арзёбӣ гардида, намоишгоҳи "ProdExpo-2020"   беш аз 2600 иштирокчиро аз 70 кишвари ҷаҳон дар Маскав ҷамъ  оварда буд.

Лентаи хабарҳо
0