Боздиди вазири маориф аз ҳолати садамавии 5 мактаби ноҳияи Восеъ

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф
Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири маориф ва илм, дар ин сафар аз ҳолати муассисаҳои таълимии №47, 56, 49, 54, 59, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, дидан кард

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Рӯзи 20-уми июни соли ҷорӣ дар доираи дастури Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз вазъи соҳаи маориф ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ноҳияи Восеъи влояти Хатлон сафар кард.

Ширнин Исматуллозода, заместитель премьер-министра Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Супоришҳои Исматуллозода барои баргардонидани донишҷӯёни тоҷики дар хориҷ таҳсилкарда

Бино ба гузориши Вазорати маориф, зимни сафар вазир аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 2, 15, 37, 52 ва 70 ва омодагии муассисаҳо ба соли нави таҳсил дидан намудааст.

Иттилоъ дода шуда, ки биноҳои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Инчунин, бо назардошти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии мазкур аз ҳисоби Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст сохта шуда, барои ба истифода супоридан омода мебошад. Дар мактаби №15 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони бинои таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст идома дошта, тибқи нақша сохтмони иншооти мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешавад.

Аз ҷониби соҳибкор Шайхов Шералӣ сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълими №37 ба нақша гирифта шуда, айни замон, дар иншоот бардоштани деворҳои ошёна якум ба анҷом расонида шудааст. 

Инчунин, соҳибкор иқдом гирифтааст, ки бинои амалкунандаи муассисаи таълимиро аз таъмири асосӣ бароварда, барои хонандагони муассиса шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 бошад, соли 2019 аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ Давлатов Маҳмадӣ сохта ва бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин карда шудааст. 

Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон
Ба мактаб аз 17 август: шарҳи вазорат аз фармоиши махсуси вазири маориф

Мактаби №70 барои 320 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкор Мирзоалиев Қурбоналӣ сохта шуда, корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шудааст. Муассисаи таълимии мазкур барои ба истифода супоридан омода мебошад.

Вазири маориф ва илм, инчунин, дар идомаи сафар аз ҳолати физикии муассисаҳои таълимии №47, 56, 49, 54, 59, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, дидан намуд.

Аз ҷониби раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд дар ноҳияи Восеъ сохтмони муассисаҳои таълимии №47, 56, 49, 54, 59, 11 ва муассисаи таълимии нав дар деҳаи Ибрат ворид карда шудааст.

Вобаста ба ин, вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати дар доираи имконот марҳила ба марҳила сохта ба истифода додани муассисаҳои болозикр дастуру супоришҳо мушаххас дод.

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин, дар доираи ин сафари корӣ вазир бо омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимии ноҳия дидору мулоқот кардааст.

Лентаи хабарҳо
0