Супоришҳои Исматуллозода барои баргардонидани донишҷӯёни тоҷики дар хориҷ таҳсилкарда

© Пресс-служба Президента РТШирнин Исматуллозода, заместитель премьер-министра Таджикистана
Ширнин Исматуллозода, заместитель премьер-министра Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Исматуллозода дар робита ба тартиби қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии хориҷи кишвар, назорати раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик хориҷа ва баъд аз таҳсил баргардонидан ва бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯён, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар Вазорати маорифи Тоҷикистон таҳти раёсати муовини сарвазири кишвар, раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ Ширин Исматуллозода ҷаласаи комиссия баргузор гардид, хабар медиҳад.

Ба иттилои Вазорати маориф, дар ҷаласа аъзои комиссия — намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва роҳбарони як зумра вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар ширкат намуданд.

Вступительные испытания в Таджикском национальном университете - Sputnik Тоҷикистон
Ихтисоси бурсия барои донишҷӯёни тоҷик: Давлатзода бо Лякин - Фролов мулоқот кард

Дар ҷаласа вобаста ба вазъи раванди қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои буҷетӣ, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" ва густариши ҳамкорӣ бо давлатҳо гузориши директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Исматулло Шодиён, вобаста ба ҳолати баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, ки ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, гузориши муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, вобаста ба масъалаи густариш додани муносибатҳои байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва ҳамкории густурдаи онҳо бо намояндагиҳои дипломативу консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориши сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Илҳом Камолзода шунида шудааст.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар аз ҷониби Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Венгрия, Руминия, Беларус, Қазоқистон, Украина, Туркия ва Австрия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо гардидааст.

Зимни баррасии масъалаҳо роҳбарони як зумра вазорату кумитаҳо, аз ҷумла вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода, роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ва дигарон ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.

Дар охир раиси комиссия вобаста ба таҷдиди назар намудани тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар, назорати раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, баъд аз таҳсил баргардонидан ва бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯёне, ки дар асоси бурсияҳо таҳсил намудаанд ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Лентаи хабарҳо
0