ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ (Донишгоҳи Миллии Тадқиқот) - яке аз пешвоёни таълими муосири Русия, ки дар Лоиҳаи 5-100 шомил аст, худро ҳамчун маркази таълимӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар Урали Ҷанубӣ муарифӣ кардааст.
Айни замон ДДУҶ 330 созишномаи байналмилалӣ ва 250 шарики хориҷӣ дорад. Дар байни онҳо намояндагони донишгоҳҳо ва ташкилотҳои пешрафтаи 53 кишвари дунё мебошанд.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла барномаҳои ду диплома, таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён, ташкили конфронсҳои байналмилалӣ, даъвати профессорҳои хориҷӣ барои лексияҳо, иштирок дар лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ фаъолона сурат мегиранд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ин донишгоҳ, имрӯз 246 нафар аз Тоҷикистон дар донишгоҳ ҳамчун донишҷӯ, магистр ва аспирант таҳсил мекунанд.
"Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ тайёр аст довталабони хориҷиро аз 20-уми июн тариқи интернет қабул кунад. Барои қабул ба таҳсил, шумо бояд тавассути портал (https://abit.susu.ru/) ариза барои қабулро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар шакли электронӣ пешниҳод кунед", - хабар медиҳад маркази матбуоти донишгоҳ.
Ҳамаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба таври фосилавӣ гузаронида мешаванд. Тартиби гузарондани имтиҳонҳои дохилшавӣ то 20 июн дар вебсайти донишгоҳ (https://abit.susu.ru/exam/prog/e2020.php) интишор мегардад.
Донишҷӯёне, ки ба категорияи ҳамватанон мувофиқанд (волидони онҳо дар ИҶШС таваллуд шудаанд) метавонанд дар озмун барои ҷойҳои буҷетӣ дар баробари шаҳрвандони Русия иштирок кунанд. Инчунин шаҳрвандони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба таври умумӣ ба ҷойҳои буҷавӣ (ҳамчун шаҳрвандони Федератсияи Русия) ворид шаванд. Илова бар ин, довталабон метавонанд ба ҳама самтҳое, ки барояшон шавқовар аст, интихоб карда, таълими пулакӣ гиранд, гуфт Олга Ярошенко, ноиби ректор оид ба масъалаҳои байналмилалии ин донишгоҳ.
Имрӯз дар донишгоҳ зиёда аз 27,000 нафар, аз ҷумла зиёда аз 2000 донишҷӯёни хориҷӣ ва аспирантҳо аз 56 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд.
"Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, бартарияти асосӣ Ассотсиатсияи донишҷӯёни хориҷӣ мебошад, ки ба ғайр аз чорабиниҳои миллӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва илмӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ, лоиҳаи мураббигиро амалӣ мекунад", - гуфт Ярошенко.
Лоиҳаи "Мураббии як донишҷӯи хориҷӣ дар ин донишгоҳ" соли 2017 бо мақсади кӯмак ба хонандагони курсҳои аввал дар ҳалли ҳама мушкилиҳои имконпазир ва зудтар азхуд намудани он оғоз шудааст. Мураббиён донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ мебошанд, ки алакай дар Русия якчанд сол зиндагӣ мекунанд. Ҳар як донишҷӯ метавонад ба онҳо оид ба тарзи қабул, таҳсил, зиндагӣ, ҳаёти донишҷӯӣ савол диҳад, гуфт проректор.
“Муаллимон дар истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ аввал донишҷӯёнро пешвоз мегиранд, дар бақайдгирии муҳоҷират, гирифтани хобгоҳ, ташхиси тиббӣ ва суғурта кӯмак мерасонанд. Онҳо инчунин дар Челябинск экскурсияҳо ташкил мекунанд, ба кино, театрҳо ва музейҳо мераванд, дар донишгоҳ чорабиниҳо баргузор мекунанд, то донишҷӯёнро бо ҳамдигар ошно кунанд ва ба донишҷӯёни хориҷӣ дар пайдо кардани дӯстон кӯмак расонанд”, - гуфт ӯ.
Муколамаи байнифарҳангӣ яке аз шартҳои асосии мутобиқшавии донишҷӯёни хориҷӣ дар кишвари нав мебошад. Донишгоҳ барномаи фарогири чорабиниҳоро татбиқ мекунад, ки донишҷӯёни хориҷиро бо фарҳанги рус шинос мекунанд. Дафтари матбуотии донишгоҳ мегӯяд, ки онҳо чорабиниҳое доир мекунанд, то дӯстони навро бо Русия ва анъанаҳои он шинос кунанд.
Донишгоҳ беш аз 80 соҳаи таҳсилоти донишҷӯӣ ва беш аз 100 барномаҳои магистрӣ ва тахассусиро амалӣ менамояд. Дар донишгоҳ зиёда аз 40 лаборатория ва марказҳои илмиву таълимӣ, аз ҷумла 12 лабораторияи сатҳи байналмилалӣ бо роҳбарии олимони машҳури ҷаҳонӣ фаъолият доранд.
"Вазифаи асосии донишгоҳ эҷод ва истифодаи донишҳои илмӣ ва омода кардани насли нав мебошад, ки қобилияти ҳалли мушкилоти глобалии рушди устуворро доранд. Таҳсил бо истифодаи технологияҳои SMART-технология дар шароити рушди босуръати саноат 4.0 талаботи имрӯза аст. Имрӯз, донишгоҳ ба гузариши глобалӣ ба як донишгоҳи рақамии соҳибкорӣ гузашта истодааст ва самти рушдашро барои солҳои минбаъда муайян кардааст”, - қайд кард хадамоти матбуоти донишгоҳ.
Самтҳои стратегии донишгоҳ инҳоянд: “Саноати рақамӣ”, “Маводи илмӣ” ва “Экология”. Барномаҳои нави донишҷӯён ва магистрҳо бо назардошти мувофиқати онҳо дар соҳаҳои пешрафта кушода мешаванд.
"Ҳадафи стратегии ДДУҶ аз таъсиси донишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ оид ба таҳқиқот ва соҳибкории SMART-технология бо мақсади таъмини рушди устувори минтақаи Урали Бузург мебошад. Барои ҳамкорӣ бо ташкилотҳои пешрафтаи минтақа ва ҳалли мушкилоти марбут тамоми имконот барои рушди босуръат вуҷуд дорад", - илова кард хадамоти матбуот.
Самтҳои маъмултарини омӯзиш ва ихтисосҳо дар байни донишҷӯёни Тоҷикистон: Менеҷмент, металлургия, сохтмон, иқтисод, электроэнергетика ва электротехника, ҳуқуқ ва ғайраҳо мебошанд.
Ба гуфтаи онҳо, айни замон Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ бо 14 донишгоҳи Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ҳамкорӣ дорад. Инчунин, ду хатмкунандаи мактаби аспирантураи Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, ки ба ватан баргаштанд, барои саҳмашон дар илм мукофотҳои фахрии Президенти Тоҷикистонро соҳиб шуданд.
“Ман зуд-зуд ба Русия мерафтам, зеро бисёре аз хешовандони ман дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Боре мо аз Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ гузаштем ва ба ман архитектураи бино хеле маъқул шуд, ки ман ҳатто хостам, ки якчанд акс гирам. Пас аз он ман дар бораи донишгоҳ маълумоти зиёдеро хондам ва қарор додам, ки ман дар ин ҷо таҳсил мекунам", - гуфт, донишҷӯи соли 4-и Донишкадаи забоншиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳқиқоти минтақавии хориҷӣ, самти "Таҳқиқоти минтақавии хориҷӣ" Хусрав Ганҷов (ш. Душанбе).
Вай инчунин қайд кард, ки аз кӯдакӣ таърих ва сиёсатро дӯст медошт.
“Мавзӯҳои дӯстдоштаи ман дар донишгоҳ таърих ва робитаҳои байналмилалӣ буданд. Ба ман аз ҳама машқҳои амалӣ маъқуланд - маърӯзаҳо, презентатсияҳо. Ҳар дафъае, ки на танҳо далелҳои навро дар бораи кишварҳои мухталиф меомузед, мефаҳмед муносибатҳо байни ин кишварҳо чӣ гуна буданд ва ҳозира чӣ чихеланд”- гуфт ӯ.
Дар оянда донишҷӯ нақша дорад, ки таҳсили худро дар магистратура идома дода, аз рӯи ихтисосаш кор кунад.
Тавре ки дар хадамоти матбуоти донишгоҳ қайд шудааст, донишҷӯёни хориҷӣ бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Ҳар кадоми онҳо барои омодагӣ ба машғулиятҳои таълимӣ шароити хуб фароҳам овардаанд: утоқҳои таълимӣ муҷаҳҳаз шудаанд, дастрасӣ ба шабакаи компютерии донишгоҳ ва Интернет ташкил карда шудааст. Донишҷӯён инчунин ба маводи таълимӣ дар манбаъҳои кафедраҳо, донишкадаҳо, мактабҳои олӣ, вебсайти китобхонаи илмӣ ва феҳристи захираҳои электронӣ дастрасӣ доранд.
Донишгоҳи Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар 25 рейтинг пешниҳод шудааст, аз ҷумла бори аввал ба рейтинги байналмилалии Times Higher Education 2020 мавқеи 1001+ ва ба рейтинги фанни THE Engineering and Technology (гурӯҳи фосилавии 601-800) шомил шудааст. Дар рейтинги нави The Impact Ranking, донишгоҳ мавқеи 401-600-ро ишғол кард ва дар рейтинги ҷаҳонӣ QS мавқеъашро дар 801+ нигоҳ дошт.