ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputniк. Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ"-и Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон намуд, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия дар соли таҳсили 2020 - 2021, оғоз гардид.
"Барои номнавис хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47 муроҷиат намоянд",-менависад АМИТ "Ховар" бо истинод ба муассисаи мазкур.
Гуфта мешавад, ки "Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" барои таҳсил дар донишгоҳҳои зерин эълон баровардааст:
- Академияи давлатии ҳуқуқшиносии Саратов
- Донишгоҳи давлатии Оренбург
- Донишгоҳи давлатии техникии нафту гази Уфа
- Донишгоҳи давлатии Кемерево
- Донишгоҳи давлатии гуманитарӣ-технологии Орехово-Зуева
- Донишгоҳи давлатии роҳҳои алоқаи Шарқи Дур
- Донишгоҳи давлатии Олтой, Донишгоҳи давлатии технологии Олтой
- Донишгоҳи давлатии аграрии Мичуринск
- Донишгоҳи технологии Россия МИРЭА
- Донишгоҳи технологии алоқа ва информатика Маскав
Ҳамчунин, ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳҳои Русия дар доираи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон "Дурахшандагон" низ, оғоз гардид.
Телефонҳо барои тамос: 223-23-59; 221-18-83.