ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон 19 дарсад аз ҳаҷми умумии гандуми содиротии Қазоқистонро харидорӣ мекунад ва аз ин нигоҳ пас аз Ӯзбекистон ва Чин дар мақоми севум қарор гирифтааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.
Бино бар иттилои манбаъ, Тоҷикистон дар солҳои ахир воридоти ордро аз Қазоқистон коҳиш ва воридоти гандумро аз ин кишвар афзоиш додааст то заминаи иштиғоли шаҳрвандони хешро дар корхонаҳои орд фароҳам созад.
Мизони масрафи солонаи гандум дар Тоҷикистон беш аз ду миллион тонна мебошад, ки 50 дарсад аз ҳисоби тавлиди дохилӣ ва бақия аз роҳи воридот аз Қазоқистон таъмин мешавад.
Нархи гандуми воридотии Тоҷикистон дар соли 2019 барои ҳар тонна 194 доллар буд, ки имсол ин маҳсул бо афзоиши нарх ба 213 доллар дар ҳар тонна расидааст.
Аз ин рӯ нархи як халта орди 50 килограмӣ, ки дар бозорҳои Тоҷикистон 170 сомонӣ буд дар баҳори имсол ба 230 сомонӣ расид.
Воридкунандагон, далели гарон шудани орд дар Тоҷикистонро маҳдудиятҳои содиротии иҷроишуда аз сӯи Қазоқистон ва Русия бар содироти орду гандум, баста шудани роҳҳои иртиботӣ ва камбуди манобеи заминӣ дар паи густариши вируси корона унвон мекунанд.