ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал беш аз 500 тонна гандум захира намудааст.
Ҳамчунин ин корхона ба воситаи мағозаҳои зертобеаш дар ноҳияҳои Рашт 210 тонна орд, Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 100 тонна, Сангвор 70 тонна, Лахш 50 тонна ва Тоҷикобод 50 тонна орди хушсифат захира намудааст.
Истеҳсоли орд бештар мешавад: таҷдиди бузургтарин корхонаи ордбарории Душанбе
"Корхона орди навъи якумро бо нархи 215 сомонӣ ва навъи дуюмро бо нархи 167 сомонӣ ба сокинони ин ноҳияҳо пешниҳод намудааст", - омадааст дар хабарнома.
Дар ин бора сармуҳосиби Корхонаи фаръии "Захира дар минтақаи Рашт" Сироҷиддин Мирзоаҳмадов ба АМИТ "Ховар" хабар додааст.
Супоришҳои фаврии Раҳмон: паст кардани нархҳо, кишти заминҳо ва пешгирии COVID - 19
Корхонаи фаръии "ахира дар минтақаи Рашт" имрӯзҳо дар ноҳияҳои мазкур 22 тонна шакарро ба маблағи 6 сомону 20 дирамӣ, 5000 литр равғанро бо нархи 12 сомонӣ, 5 тонна макаронро бо нархи 5 сомонию 50 дирам, 4 тонна марҷумакро ба маблағи 8 сомонию 50 дирамӣ ба фарӯш гузоштааст.
Қазоқистон ба Тоҷикистон 5000 тонна орд медиҳад: кумаки башардӯстона
Инчунин 80 тонна ҷав ва 15 тонна сабусро барои хӯроки чорво бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба сокинони ноҳияҳои мазкур пешниҳод намудаанд.
Корхонаи истеҳсолии орд дар ноҳияи Рашт соли 2014 аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани нархи орд дар бозорҳои минтақаи Рашт таъсис ёфтааст. Он имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулот дар мағозаю бозорҳои минтақа саҳми арзанда дорад.