“Одамкушӣ ҳангоми мудофиа”: бархе тафсилоти ҳукми махфии Кабирӣ дар ғайбаш

© Страница М. Кабири в FacebookМухиддин Кабири в парламенте. Архивное фото
Мухиддин Кабири в парламенте. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бархе тафсилоти ҳукми Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки пушти дарҳои баста дар ғайбаш эълон гардида буд, ошкор карда шуданд

ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Муҳиддин Кабирӣ бар асоси 16 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 аз сӯи Додгоҳи олӣ дар ғайбаш маҳкум гардид, хабар дода шуд дар филми мустанад, ки зери унвони “Хиёнат” рӯзҳои охир тариқи шабакаҳои телевизионии давлатӣ пахш мешавад.

Мухиддин Кабири на парламентских выборах 1 марта 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ғайби Муҳиддин Кабирӣ мурофиаи парвандаро оғоз кард

Дар феҳрасти моддаҳои Кодекси ҷиноӣ, ки Кабирӣ бар асоси он гунаҳкор дониста шудааст, моддаи 107 - одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан, моддаи 189 - барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, моддаи 199 - тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 313 - исёни мусаллаҳона, номбар шудаанд.

Инчунин таъкид шудааст, ки Кабирӣ бар асоси моддаи 195 - ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 306 - бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, моддаи 307 - даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дигар гунаҳкор дониста шуд.

Генеральная прокуратура РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулл: Назарзода бо дастури Кабирӣ амал мекард

Пештар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба далели махфӣ будани мурофиа нагуфт, ки Кабирӣ ба чанд соли зиндон маҳкум шудааст.  Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовинони раиси ҳизби дар Тоҷикстон мамнӯи наҳзати исломӣ бар асоси моддаҳои камтар, вале мушобеҳ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ахиран зимни гузориш дар парлумон гуфт,  барои боздошту истирдоди Кабирӣ бо кишварҳои Аврупо гуфтушунид ҷараён дорад.

Худи Кабирӣ, ки феълан дар хориҷи кишвар паноҳ бурдааст, борҳо иттиҳомотро бепоя ва таъқибашро дорои ангезаи сиёсӣ хонда буд.

Додгоҳи Тоҷикистон ҲНИТ-ро соли 2015 ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон намуда, фаъолияташро дар кишвар мамнӯъ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0