ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik.Тибқи гузориши раёсати умури дохилии Суғд, субҳи барвақти 14-уми июн, “Мерседес”-и ҳомили 4 нафар дар километри 111 шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, дар ҷамоати Фондарё, деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ ба ҷарӣ чаппа шудааст.
Ба иттилои манбаъ, мошин таҳти идораи Мунира Мамадқулова, сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдат қарор доштааст.
Дар пайи садама Раҷаббой Исмоилов, сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва ду мусофири дигараш - Акмалҷони Раҳмат, мутаваллиди соли 1990, Қудратов Азамат соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаҳои шаҳри Ваҳдат дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Мақомоти бозрасӣ муайян кардаанд, сабаби садама, хастагии ронанда, дақиқтараш ғалабаи хоб ҳангоми идораи мошин будааст.