Идомаи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Рамиль СитдиковРынок, архивное фото
Рынок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ аз аввали соли 2020 беш аз 10 дарсад боло рафтааст. Вале дар баробари нархи баъзе аз маҳсулоти дигар коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 19  июн — Sputnik.  Бино ба гузориши Агентии омори назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон нархи маводи ғизоӣ аз аввали сол 10,6% боло рафтааст.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Бе фоида ва ҳатто зарар: дарсҳои бадахшонии “вируси корона”

Гуфта мешавад, ки таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли равон 5,4% -ро ташкил додааст.

Аз ҷумла, маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин давра 10,6 фоиз афзоиш ёфта, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ва хидматрасониҳои пулакӣ, баръакс, як фоиз коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳама бештар нархи лимӯ - 3,1 маротиба, сирпиёз - 2,5 маротиба, картошка - 1,7 маротиба, лӯбиё - 51,9%, орди гандум - 22,9%, ярмаи - 22 , 6%, макарон - 20% гарон шудааст.

Дар баробари ин, нархи як қатор маҳсулот аз қабили бодиринг - 68,5%, пиёз - 31,2%, шир ва мурғ - 5,8% ва помидор - 0,5% коҳиш ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 8% буд.

Болоравии нархи маводи ғизоӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 ба сабаби пандемияи ҷаҳонии коронавирус ба амал омада буд.

Бо вуҷуди он ки ҳаракати транзитӣ, аз ҷумла озуқаворӣ, дар байни кишварҳо қатъ нагардид, нархҳо аз сабаби воҳимаи сокинон боло рафтанд.

Лентаи хабарҳо
0