ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Шаҳрдори Бишкек Азиз Суракматов мубталои COVID - 19 шуд. Ин хабарро раҳбари дастгоҳ Балбак Тулобоев тасдиқ кардааст.
"Бале нахустин таҳлилҳои ташхис коронавирусро нишон доданд. Ташхисҳо ба озмоишгоҳи дигар равон карда шуданд. Мири шаҳр се рӯз бо ҳарорати баланд дар манзилаш буд. Ҳоло дар банаи се корманди мақомот COVID - 19 сабт шуд: дар бадани сармуҳосиб, раҳбари бахши ташкилотӣ ва шаҳрдор", - менависад Sputnik Қирғизистон бо такя ба суханони Тулобоев.
Манбаъ афзуда, ки ба гуфти пизишкон аҳволи Суракматов хуб аст.
"Табибон ин ҳодисаро зери назорат гирифтаанд. Шаҳрдор ҳоло аз хона кор мекунад. То рӯзи душанбе ҳамаи кормандони дастгоҳ ба низоми дуркорӣ гузаштанд, рӯзи душанбе мебинем чӣ мешавад", - гуфт Тулобоев.
Худи раҳбари дастгоҳ аз COVID - 19 орӣ аст.
Омори ҷадиди коронавирус дар Қирғизистон: ду фавт, 38 ҳолати нав ва карантини 4 минтақа
То 20 июни соли равон дар ҳудуди Қирғизистон 2981 нафар мутбалои коронавирус шудааст.