ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Садҳо шаҳрванди Қирғизистон аз Маскав ба Ватан баргаштанд, хабар медиҳад "Парс тудэй".
Гуфта мешавад, 358 шаҳрванди Қирғизистон бо парвози ихтисосӣ аз шаҳри Маскав ба шаҳри Ош дар ҷануби Қирғизистон бозгаштанд.
Манбаъ ба нақл аз хабаргузории Форс менависад, сафорати Қирғизистон дар Русия эълом кард 229 зан, 63 кӯдаки зери ду сол ба ҳамроҳи модарони худ ва се зани солхӯрда имрӯз якшанбе дар ин парвози ихтисосӣ ба кишвар бозгаштанд.
Сафорати Қирғизистон дар Русия ҳамчунин эълом кардааст, ки шаш ҳазор шаҳрванди қирғиз дар паи густариши корона хоҳони бозгашт ба Ватан ҳастанд.
То кунун 9 ҳазору 372 нафар шаҳрванди қирғиз ба кишварашон бозгаштаанд.
Бар асоси охирин омор, теъдоди мубталоён ба корона дар Қирғизистон ба ду ҳазору 207 нафар расида ва 27 нафар низ ҷон бохтаанд.