Мақомоти вилояти Суғд сабаби норасоии табибон дар шаҳри Хуҷандро шарҳ дод

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкСитуация в связи с коронавирусом в городах России
Ситуация в связи с коронавирусом в городах России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини раиси вилояти Суғд таъкид доштааст, ки ба сабаби афзоиши шумораи клиникаҳои хусусӣ дар шаҳри Хуҷанд нарасидани кадрҳои тиббӣ ба назар мерасад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Анвар Ёқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд, дар ҷаласаи дуюми вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, ки ба ин мушкилот дахл дошд, қайд кардааст, ки норасоии табибон дар муассисаҳои тиббии шаҳр ба рушди марказҳои тиббии хусусӣ алоқаманд аст, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи "Фараж".

Навхонадорон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Табиб: нақшаи оиладорӣ Тоҷикистонро аз никоҳи хешу таборӣ наҷот медиҳад

Вай афзудааст, ки бо рушди клиникаҳои хусусии тиббӣ, дар муассисаҳои давлатӣ норасоии кадрҳо ҳис карда мешуд.

“Бахши хусусӣ дар рӯзҳои аввали паҳншавии коронавирус дар канор монд. Мо дар ҳамбастагӣ бо ин беморӣ мубориза бурда метавонем ” – гуфтааст Анвар Ёқубӣ.

Ҳамзамон ба гуфтаи раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзод, ин мушкилро бо ҳамкории зич бо муассисаҳои таълимии тиббӣ метавон ҳал кард.

Вай афзуд, мо бояд камбуди кадрҳоро ҳарчи зудтар бартараф кунем.

“Яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти шадиди нарасидани духтурон тақсимоти хатмкардагони донишгоҳҳои тиббӣ мебошад. Бо ин мақсад, пешниҳод менамоям, ки роҳбарони муассисаҳои тиббӣ бо Коллеҷи тиббии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Душанбе ҳамкориҳои зич дошта, нарасидани кадрҳои тиббӣ, яъне кормандони соҳаи тибро бартараф кунанд”, – зикр кардааст раиси шаҳри Хуҷанд.

Лентаи хабарҳо
0