Исматуллозода гуфт кай парвозҳои самти Душанбе - Хоруғ барқарор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральный директор авиакомпании "Таджик Эйр" Дилшод Исматуллозода
Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" Дилшод Исматуллозода изҳор дошт, ки парвозҳои самти Хоруғ танҳо дар сурати шумораи кифояи мусофирон барқарор мешавад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор карда, ки парвозҳои миёни шаҳри Душанбе ва Хоруғро барқарор кунад. Дар ин бора раҳбари ширкати "Тоҷик Эйр" Дилшод Исматуллозода дар сущбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Самолет авиакомпании Mahan Air  - Sputnik Тоҷикистон
Барқарории парвозҳо аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Аморати Муттаҳидаи Араб дар моҳи июл

Ӯ қайд кард, ки ширкати ҳавоӣ парвозҳои самти Душанбе - Хоруғро бо рӯйхати пешакӣ аз сар мегирад.

Панҷ парвоз аз Душанбе ба Русия то июл: рӯзҳои хатсайр дақиқ шуданд

"Қарор қабул шуд, ки парвозҳо ба шаҳри Хоруғ барқарор карда шавад. Мо парвозҳои дохили кишварро барқарор мекунем", - гуфт раҳбари ширкат.

Ӯ гуфт рӯзи парвоз танҳо дар сурати зиёд шудани дархостҳо барои парвоз эълом карда мешаванд. 

Хушхабар: аз 25 - июн парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон оғоз меёбанд

"Дар сурати кам будани шумораи мусофирон парвоз аз назари иқтисод зараровар аст", - қайд кард Исматуллозода.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон аз 1 июл парвозҳоро ба Ӯзбекистону Амороти Муттаҳидаи Араб барқарор мекунад.

Лентаи хабарҳо
0