Барқарории парвозҳо аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Аморати Муттаҳидаи Араб дар моҳи июл

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании Mahan Air
Самолет авиакомпании Mahan Air  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб аз аввали моҳи июли соли ҷорӣ дубора барқарор мешаванд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон  таъкид кардааст, ки мусофирони ин парвозҳо бояд гувоҳиномаи таъйидшудаи мубтало нашудан ба вируси коронаро ба ҳамроҳ дошта бошанд, ки дар акси ҳол аз савор шудани онон ҷилавгирӣ хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Ситод дар бораи парвозҳо ба Дубай, Ӯзбекистон, Русия ва Туркия

Ҳамчунин Ситод ба созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон дастур додааст, ки мавзӯи барқарории дубораи парвозҳо бо Русия, Чин ва Туркияро маврид баррасӣ қарор диҳад.

Парвозҳои хориҷӣ аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон аз 20 моҳи марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд.

Аммо чанд бор барои хориҷ кардани атбои Тоҷикистон аз теъдоде аз кишварҳои хориҷӣ ва интиқоли таҷҳизоти пизишкӣ ба бемористонҳои ин кишварпарвозҳои чартерӣ аҷом шудааст.

Ҳамчунин ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон баргузории ҷашнҳои арӯсиро бо ҳузури 100 нафар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ, ки ба далели густариши вируси корона мамнуъ шуда буд, иҷозат додааст.

Лентаи хабарҳо
0