Мақомоти Бадахшон хабари таҷаммӯи эътирозгарон дар шаҳри Хоруғро бепоя хонданд

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание администрации города Хорог, архивное фото
Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ овозаҳо дар мавриди баргузории митинг дар шаҳри Хоруғро бепоя хонд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сухангӯи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ғолиб Ниятбеков ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар маркази вилоят ягон гирдиҳамоӣ сурат нагирифтаст.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
"Дасти ман кӯтоҳ аст": суҳбати Ёдгор Файзов аз тамдиди қарантина то қарзи бонкҳо

Хабари таҷаммӯъи сокинон дар маркази Бадахшонро чанде қабл хабаргузории "Ахбор" нашр намуд буд.

Ҳисоботи мақомоти ВМКБ аз маблағи харҷкардаашон алайҳи COVID - 19

Бар хабари манбаъ, гӯё рӯзи 17 - уми июн даҳҳо нафар сокинон дар майдони марказии шаҳри Хоруғ як тазоҳуроти эътирозиро баргузор намуданд.

"Сокинон дар Хоруғ ба нишони пуштибонӣ аз эътирозгарони Рӯшон ҷамъ шудаанд ва аз мақомот талаб доранд, ки таъқиби дастикам 4 сокини Рӯшон, бо шумули фармондеҳи собиқи оппозитсия Ёдгор Ғуломҳайдаровро бас кунанд", - таъкид мешавад дар хабари сомонаи "Ахбор".

Аммо сухангӯи раиси вилоят ин иттилоъро дур аз ҳақиқат хонда, изҳор дошт, ки дар маркази вилоят ягон гирдиҳамоӣ вобаста ба вазъияти Рӯшон сурат нагирифтааст.

Ниятбеков барои собит намудани носаҳеҳии ин хабар дар сафҳаи худ, навор аз майдони марказии шаҳри Хоруғро нашр намуд.

Дар навори нашршуда, майдони марказии шаҳр аз одамон холӣ буда, ягон нишон аз баргузор шудани тазоҳуроти эътирозӣ мушоҳида намешавад.

Лентаи хабарҳо
0