Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

"Дексаметезон": доруи зидди COVID - 19 барои кишварҳои фақир

© Public domain Таблетки, архивное фото
Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳқиқот нишон додааст, ки аз ҳар 20 нафаре, ки мубталои COVID - 19 мешавад, бо истифодаи ин дору 19 нафарашон дармон меёбанд ва як нафар кораш ба бемористон мекашад

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ эълон карда, ки доруи дексаметезон метавонад барои бештари беморони мубтало ба коронавирус, ки ҳоли вазнин доранд, кумак кунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон бо такя ба ин созмон мегӯяд, ин дору метавонад гирифторони COVID - 19-ро аз марг наҷот диҳад.

Пробирка с тестом на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Нури лазерӣ: Ғуломов дар бораи усули нави табобати COVID - 19, ки дар худ санҷидааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин хабарро баъди он эълон карда, ки донишмандони британиёӣ натиҷаи як озмоиши фарогири худро расонаӣ карданд. Тибқи ин таҳқиқот дексаметазон то 33% беморони дар ҳоли маргро аз чанголи коронавирус наҷот дода метавонад.

Ин дору яке аз доруҳои мавҷуд аст, ки  дар талош барои ёфтани дармони корона дар саросари дунё санҷида мешавад, то рушан гардад, ки оё метавонад ба КОВИД-19 таъсири чашмгир дошат бошад. Пажӯҳишгарони Британия гуфтаанд, ки агар ин дору аз оғози густариши коронавирус дар ин кишвар истифода мешуд, мумкин буд ҷони бештар аз 5 ҳазор нафар аз марг наҷот меёфт.

"Арзонӣ ва фаровонии ин дору бахусус барои кишварҳои фақир, ки бо корона дасту панҷа нарм мекунанд, хеле муфид аст", - омадааст дар хабарнома.

Таҳқиқот нишон додааст, ки аз ҳар 20 нафаре, ки мубтало ба корона мешаванд, бо истифодаи ин дору 19 нафарашон дармон меёбанд ва як нафар кораш ба бемористон мекашад. Аз онҳое, ки бистарӣ мешаванд, бештарашон беҳбуд меёбанд, аммо бархе ба дастгоҳи нафаси маснуъӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд.

Дексаметезон бештар ба касоне кумак мекунад, ки дар ҳоли вазнинанд ва метавонад вазъи ҳоли онҳоро беҳтар кунад ва тадриҷан саломатиашонро бозёбанд.

Тедрос Гебрейесус – сарвари Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфтааст, ки озмоиши клиникӣ ва натиҷаи бадастомада як пирӯзии илми тиб дар муолиҷаи вируси корона мебошад.

Лентаи хабарҳо
0