Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Нури лазерӣ: Ғуломов дар бораи усули нави табобати COVID - 19, ки дар худ санҷидааст

© PixabayПробирка с тестом на коронавирус
Пробирка с тестом на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудири шуъбаи ҷарроҳии МД "Ёрии таъҷилии тиббӣ"-и шаҳри Душанбе Лоиқ Ғуломов мегӯяд, нури лазерӣ ба тезондани табобати бемории "COVID-19" ёрӣ мерасонад

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Мудири шуъбаи ҷарроҳии МД "Ёрии таъҷилии тиббӣ"-и шаҳри Душанбе Лоиқ Ғуломов дар мусоҳибаи бо сармуҳаррири МД "Маҷаллаи Фирўза" Саодат Ҳайдарзода, ки Вазорати фарҳанг нашр кардааст, дар бораи усули нави табобати коронавирус дар Тоҷикистон нақл мекунад.

Вазъи имрӯзаи каронавирус дар Тоҷикистон

Ба гуфти пизишк, хушбахтона, сустшавии авҷи ин беморӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар як қатор мамолики хориҷӣ ба назар мерасад. Дар ҳафтаҳои охир муроҷиати одамон ба муассисаҳои тандурустӣ то андозае кам шуда истодааст ва фавт ҳам хеле кам ба назар мерасад.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Роҳи тоҷикӣ: чаро Тоҷикистон қарантина накард?

Ғуломов ҳолати табобати маризони коронавирусро дар МД "Ёрии таъҷилии тиббӣ"-и шаҳри Душанбе шарҳ дод.

Ӯ мегӯяд, бемороне, ки ба "COVID-19" гирифтор шудаанд, ҳамзамон метавонанд ба бемории дигар узвҳои ковокии батн гирифтор шаванд. Дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»-и тиббии шаҳри Душанбе барои пешгирӣ ва табобат кардани ин беморон ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо карда шуда, табибону ҳамшираҳо бо либосҳои яккарата ва доруворӣ таъмин мебошанд. Ягон фарқияте дар табобати онҳо дида намешаванд ва ягон хусусияти махсус ҳам надорад ба ғайр аз чораҳои пешгирикунанда.

Барои ҳамин тавсия додан мумкин аст, ки ҳам табибон ва ҳам аҳли байти бемор бояд ба таҳлука дода нашаванд. Наҳаросида метавонанд хабар гиранд. Танҳо бо истифода аз либосҳои махсус, ниқоб ва ғайраҳо.

Нури лазерӣ

Ба гуфти пизишк, тибби муосир якчан усулҳои пешгирӣ ва табобати ин бемориро исбот кардааст ва ба роҳ мондааст. Аммо новобаста аз ин дар тиб усулҳое ҳаст, гарчанде, ки кашф шуда бошанд ҳам айни ҳол маъмул истифода бурда намешаванд. Яке аз онҳо ин табобати лазерӣ мебошад.

Табобати лазерӣ ба тамоми табибон маълум аст, ки он хусусиятҳои зеринро дорост:

  • Ҳуҷайраҳое, ки доим бар зидди вирусҳою бактерияҳо муқовимат нишон медиҳанд. Ин ситокинҳо ва интерферонҳо мебошанд ва гузаронидани табобати лазерӣ ин усулро метезонад.
  • Дар хун ҳуҷайраҳое ҳаст, ки бо номи фагоситҳо машҳуранд. Ин фагоситҳо дилхоҳ ҷисми бегонаро дар хун несту нобуд месозад ва барои фаъол сохтани он табобати лазерӣ лозим аст.
  • Барои пешгирӣ ва табобати бемории «COVID-19» пурқувватии организм нақши муҳим мебозад. Бо ин мақсад мо бояд гардиши хунро хуб кунем. Ба тамоми табибон маълум аст, ки гузаронидани табобати лазерӣ макро ва микросиркулятсия дорад ва он гардиши хунро дар бофтаҳо хуб мегардонад. Агар мо лазератерапияро истифода барем, гардиши хуни ин беморон ва ё шахсоне, ки ба бемории музмин гирифторанд ва гардиши хунашон суст аст, онро фаъол гардонем, ин гуна шахсон ба ин беморӣ мубтало намегарданд.
  • Сабаби фавти чунин беморон ин бештар лахташавии хун мебошад. Барои он, ки хун лахта нашавад, мо бояд дору истифода кунем ва ё метавонем дар шароити имрўза табобати лазерӣ гирем. Зеро вақте, ки гардиши хун хуб мешавад лахташавии хун муътадил мегардад. Дар ин ҳолат одам намефавтад.

Лазератерапияро чӣ тавр мегузаронанд?

Ғуломов мегӯяд, табобати лазератерапия бениҳоят осон аст ва гуфтан мумкин аст, ки нисбати дигар усулҳое, ки истифода бурда шудааст ин натиҷабахш аст. Дастгоҳи махсус ҳаст, ки дар он нурҳои лазерӣ ҷой карда мешавад ва ба воситаи ҳамин дастгоҳ ин нур ба воситаи сўзандору вориди ҷисми бемор гардонда мешавад ва дар муддати аз 2 то 5 дақиқа бемор табобатро қабул мекунад ва нурҳои лазерӣ ба воситаи ҷараёни хун ба тамоми организм таъсири худро мерасонад.

Кобилчон Гиёев - Sputnik Тоҷикистон
Ғайриинтизор: Қобилҷон Гиёевро аз вазифа барканор карданд

Хуб аст, ки ин усулро 5 маротиба, яъне 1 рўз пас, давоми 10 рўз табобат кунанд. Мо медонем, ки ҳамин дастгоҳ қариб дар тамоми муассисаҳо, алалхусус, дар муассисаҳои тандурустии шаҳри азизамон Душанбе мавҷуд аст. Лекин ҳамчун усули пешгирикунанда нисбати бемории «COVID-19» ва ин усули табобат дар марҳилаҳои аввал гуфта метавонам, ки айни замон танҳо дар Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Душанбе ба таври васеъ истифода бурда шуда истодааст. Ва натиҷабахш ҳам ҳаст.

Шахсан худам ва якчанд нафар хамкасбон бо мақсади пешгирӣ ҳамин усулро дар худ истифода бурдем. Баъди пурра боварӣ ҳосил кардан дар бадани якчанд бемор низ истифода намудем. Хушбахтона, ягон нафар аз онҳое, ки ҳамин табобатро гирифтаанд, дучори бемории COVID-19 нашудаанд. Айни ҳол тақрибан ду ё се моҳ гузаштааст аз ин таҷриба ва барои хулоса баровардан каме бармаҳал аст.

Табобати лазерӣ ба бемороне, ки аллакай дучори ин беморианд, ёрӣ мерасонад?

Ғуломов мегӯяд, дар марҳилаҳои аввали табобати гирифторони коронавирус, истифода бурдани табобати лазерӣ имкон дорад. Чунки норасогии узвҳо ба таври ҷиддӣ ба назар намерасад. Хуб мешавад, ки истифода кунанд. Табобати лазерӣ ҳамчун усули пешгирикунанда ва ҳамчун усули табобаткунанда дар ҳамин беморон бениҳоят қулай аст.

Пизишк мегӯяд муттассифона чунин усул дар дигар муассисаҳои табобатӣ истифода намешавад.

"Гарчанде, ки ин усул дар тиб кашф шуда бошад, ҳам истифодаи васеи худро дар тиббӣ муосир наёфтааст. Тавсияи мо ҳам ҳамин аст, ки ин усул маъмултар истифода бурда шавад. Табобати лазерӣ як қисмати рисолаи номзадии илмии ман мебошад, ки ҳоло рафта истодааст. Табобати лазерӣ дар одамоне, ки мубталои санги талхадон ҳастанду бинобар сабаби бисёр бемориҳои ҳамрадиф доштан, беҳисгардонӣ (наркоз) карда намешаванд".

Дар марҳилаи аввал дар зери назорати ташхиси ултрасадоӣ талхадони онҳо сабуктар мегардад ва барои пурқувват шудани системаҳои организм табобати лазерӣ мегузаронем ва онҳо қувват пайдо мекунанд, ки барои беҳисгардонидан бардошт кунанд.

В Москве открыт третий коронавирусный центр сети РЖД-Медицина - Sputnik Тоҷикистон
Натарсед! ифшогариҳои зодаи Тоҷикистон, ки дар Русия бар коронавирус пирӯз шуд

Дар марҳилаи дуюм ҷарроҳӣ мегузаронем. Агар дар марҳилаҳои ниҳоӣ норасогии нафас ба назар нарасад зери дастгоҳи сунъӣ будан дигар муҳим нест. Чунки норасогии дил дар он вақт ба назар мерасад. Дар марҳилаи декампитсионӣ, норасогии ҷигар ба назар мерасад, ки дар ин маврид ҳам мумкин нест", - шарҳ медиҳад Ғуломов.

Табиби тоҷик мегӯяд, одамоне, ки бемории пеллагра, бемориҳои музмин дар марҳилаҳои ниҳонӣ, одамони гирифтори васкулити геморригӣ дар марҳилаи ниҳоӣ, гирифторони серози ҷигар дар марҳилаи ниҳоӣ, норасогии кори гурдаҳо дар марҳилаи ниҳоӣ доранд, наметавонанд бо усули нури лазерӣ табобат шаванд.

Табиб мегӯяд, дар Тоҷикистон хушбахтона тамоми чораҳои бартарафкунанда гузаронида шуд ва айни замон барои пешгирии шахсоне, ки ба ин беморӣ дучор шудаанд, имкон аст, ки ба табобати пурраву мукаммал фаро гирифта шудааст.

Чунин беморон аслан дорувории зиддивирусӣ, зиддимикробӣ ва табобати индивидуалии худро қабул мекунанд ва аз рӯи тақсимот бемороне, ки сабук ҳастанд, метавонанд дар хона табобат гиранд ва бемороне, ки норасогиҳои узвҳо доранд, ҳатман табобати статсионарӣ, (беморхона) табобат мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0