ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Дар бораи ин иқдоми ҳукумат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тавассути ширкатҳои мобилӣ ба шаҳрвандони кишвар СМС - паём расонидааст.
Бино ба хабари ироашуда кӯмакпулиҳо якдафъаина буда, танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ вобаста ба мубориза бо бемории COVID -19 ва тақвият бахшидани чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоате пардохта мешавад, ки кӯдакони то синни 3 сола доранд.
“Барои дастрас намудани кумакпулии якдафъаина сарварони оилахои камбизоат бо шаходатномаи кудакони то се сола бояд ба чамоатхои шахраку дехот, идорахои коммуналию манзили ё раисони кумитахои махалла мурочиат намоянд”, омадааст, дар иттилоия.
Як масъули баландмақоми ҳукумати яке аз ноҳияҳои кишвар дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи механизми иҷроиши ин қарори ҳукумати кишварро шарҳ дод
Бино ба гуфти манобеъ ҳаҷми ин кӯмакпулӣ 500 сомонӣ буда, аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба хонаводаҳое, ки дар ҳамроҳи кӯдакони хурдсол дар шароити фарқ зиндагӣ мекунанд расонида мешавад.
“Рӯйхати оилаҳои камбизоат дар дафтари қайди мақомотҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мавҷуд мебошанд. Барои тадбиқ шудани ин қарор ва бархурдор будан аз чунин кӯмакпулии давлатӣ чунин оилаҳо бояд, ки ҳуҷҷати фарзандони то се солаи худро ба ҷоамоат ва ё мақомоти маҳаллӣ зисти худ пешниҳод кунанд”, - гуфт манбаъ.
Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар поёни моҳи декабри соли 2019 дар зимни ироаи паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, шумораи аҳолӣ ва сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод.
Бино ба таъкиди раисиҷумҳур шумораи аҳолии Тоҷикистон дар соли 2019 ба 9, 5 милион нафар расида, дар ин давра, ҳаҷми умумии даромади буҷҷети давлатӣ ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуда ва аз ин ҳисоб сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то ба ба 27, 5 дарсад поин шудааст.