Аз 800 то 1500 сомонӣ: қарори Рустами Эмомалӣ барои кумакпулӣ дар арафаи ид

© © Sputnik / Амир ИсаевКонцерт ветеранам ВОВ
Концерт ветеранам ВОВ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, қарор кардааст, ки бахшида ба 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба собиқадорони ҷанг кумакпулӣ пардохта шавад

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Тибқи қарори шаҳрдорӣ, ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба андозаи 1500 сомонӣ кумакпулӣ пардохта мешавад.

Верующие  во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Эълони оғози Рамазон, пули нисоби закот ва фитри рӯза дар Тоҷикистон

“Ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 сомонӣ ҷудо мешавад”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

Рустами Эмомалӣ муовинонашро муваззаф кардааст, ки маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон, бо тантана на дертар аз 4 майи соли ҷорӣ супоранд.

Бар асоси ин қарор, барои пардохти кумакпулиҳо аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе  697 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо мегардад.

Лентаи хабарҳо
0