Раҳмон ҳангоми зиёрати хонаи Худо: навори нодири сафари президент ба Макка - видео

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба ба шаҳрҳои муқаддаси Маккаю Мадина сафар карда, адои маросими ҳаҷ намудааст. Соли 2005 Раҳмон дар доираи саммити кишварҳои Созмони ҳамкориҳои исломӣ хонаи Худоро зиёрат карда буд

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Навори нодири сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаҷ дар остонаи Рӯзи Ваҳдат нашр шудааст.

Дар навори таърихӣ, ки дар саҳифаи расмии президент дар Facebook нашр шудааст, сафари кишвардор ба шаҳрҳои Маккаву Мадина дар соли 2005 дарҷ гардидааст.

Дар навор лаҳзае нишон дода шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон қарзи мусалмонии худ - маносики ҳаҷро ба ҷо меорад.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз Қуръон мисол оварду гуфт, кӣ бояд қурбонӣ кунаду кӣ ҳаҷ равад

Президенти Тоҷикистон чун дигар ҳоҷиён матои сафед (эҳром) ба бар карда дар назди Хонаи Худо - Каъба намоз мегузорад.

Аз паси президент ҳамроҳони ӯ аз ҳайати баландпояи Тоҷикистон ва посбонон истодаанд.

Ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати раҳбари Арабистони Саудӣ ва ходим-ул ҳарамайни онвақтаи Каъба - Абдулло ибни Абдулазиз ба дохили Каъба даромад. Чунин шараф на ба ҳар кас насиб мешавад.

Муайян шудааст, ки сафари соли 2005-уми раисиҷумҳур сеюмин ҳаҷҷи ӯ мебошад. Он замон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар саммити сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба Арабаистони Саудӣ сафар карда буд.

Дар умум президенти Тоҷикистон чаҳор маротиба ҳаҷҷи умра ба ҷо овардааст: соҳои 1997, 2001, 2005 ва 2015.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0