Раҳмон аз Қуръон мисол оварду гуфт, кӣ бояд қурбонӣ кунаду кӣ ҳаҷ равад

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба муносибати Иди Қурбон табрик кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Раисиҷумҳур дар номаи табрикотиаш иди саиди Қурбонро, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом унвон карда ба ин муносибат хурду бузурги сокинони кишварро самимона табрик кардааст.

"Адо кардани намози ид, анҷом додани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан аз ҷумлаи фароизи исломӣ дар рӯзи ид мебошанд. Дар доираи риояи фаризаҳои зикршуда бояд донист, ки ба ҷой овардани маносики ҳаҷ ва қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки шароити мусоиди зиндагӣ ва имкониятҳои васеи моддиву молӣ доранд", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Празднование Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳур рӯзи дақиқи Иди Қурбонро эълом кард ва се рӯз истироҳат дод

Президент афзуда, шахсоне, ки чунин шароиту имкониятро надоранд ва дар пешбурди зиндагӣ мушкилоту тангдастӣ мекашанд, барои онҳо қурбонӣ кардан ва додани дигар садақаву хайрот дуруст нест.

"Онҳо метавонанд бо рафтору кирдори писандида ва одобу ахлоқи ҳамида савобу баракати арзандае ба даст оваранд", - омадааст дар нома.

Баръакс, онҳое, ки дорои имконияти фарохи моддӣ ҳастанд, бояд як ҳиссаи гӯшти қурбонӣ ва дигар хайроту садақаи худро ба чунин шахсон, яъне ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат диҳанд, гуфт кишвардор.

Дар ин росто раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ба кӣ додан ва тақсим кардани гӯшти чорвои қурбоникардашударо зикр карда, ояти 36 сураи Ҳаҷҷи Қуръони маҷидро мисол овардааст.

"Дар ин оят таъкид мешавад, ки аз гӯшти чаҳорпои қурбонӣ “бихӯред ва ба дарвеши тангдаст ва бенаво бихӯронед”. Яъне гӯшти чорвои қурбоникардашуда бояд барои таъмини эҳтиёҷоти оила ва ҳиссаи дигараш барои кумак ба муҳтоҷон сарф карда шавад", - таъкид кардааст раисиҷумҳур.

Бино ба гуфти кишвардор, дар аҳодиси набавӣ ва фатвоҳои фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ низ аҳкоми анҷом додани қурбонӣ танзим шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0