Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Фавти сокини 36 - солаи Қирғизистон аз коронавирус: дар бозор меваю сабзавот мефурӯхт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПациент в центральной клинической больнице "
Пациент в центральной клинической больнице  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми ду рӯзи ахир ҳудуди 100 мавриди нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус дар Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон аз бад шудани вазъият дар робита ба авҷи маризии коронавирус хабар медиҳад.

Работа бригады скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон
Омори ҷадиди коронавирус дар Қирғизистон: ду фавт, 38 ҳолати нав ва карантини 4 минтақа

Ба иттилои муовини вазири тандурустӣ Нурбулот Усенбаев, шабонарӯзи ахир дар қаламрави ин кишвар боз 90 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт гардид. Як рӯз қабл теъдоди мавридҳои ҷадид ба 100 нафар баробар буд, ки аз оғози бурузи ин маризӣ калонтарин нишондод будааст.

Афзоиши фавт ва сироятшавӣ ба маризии коронавирус дар Қирғизистон

Зимнан, Усенбоев аз фавти як сокини 36 - сола хабар дода, афзудааст, ки марҳум дар бозори Бишкек ба фурӯши меваю сабзавот машғул буда, то чанд муддат ба худдармонӣ машғул будааст.

Гузашта аз ин, сокини 36 - сола барои иштирок дар маросими азодорӣ ба вилояти Ҷалолобод низ сафар доштааст, таъкид намуд Усенбоев.

 

Дар муассисаҳои тандурустии Қирғизистон феълан 1160 мариз қарор доранд. Гузашта аз ин 10 664 нафар ба қарантини хонагӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар Қирғизистон теъдоди умумии қурбониён аз маризии коронавирус ба 29 нафар расид.

Лентаи хабарҳо
0