ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар Қирғизистон ду ҳолати ҷадиди фавт аз маризии коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурболот Усенбаев.
Ба изҳори ӯ, бо иловаи ду ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди умумии қурбониёни коронавирус ба 26 нафар баробар шуд.
Донишҷӯёни тоҷикро аз Қирғизистон бармегардонанд ва дар ВМКБ ҷой медиҳанд
Ҳамчунин давоми шабонарӯзи ахир дар Қирғизистон боз аз 38 мавориди нави сироятшавӣ ба вируси COVID - 19 гузориш дода мешавад.
Ба ҳамин минвол, теъдоди дардмандони ин маризӣ дар Қирғизистон ба 2093 нафар ва шумораи умумии шифоёфтагон ба 1572 нафар расидааст.
Зимнан, бо афзоиш ёфтани ҳолатҳои ҷадиди мубталошавӣ ба коронавирус дар шаҳрҳои Бишкеку Ош ва навоҳии Ат - Башию Чаткал дигарбора қарантин эълон карда шуд.