Вазири маориф ҳангоми таътил ба боздиди мактабҳои Муъминобод рафт

Обуна шудан
Муҳаммадюсуф Имомзода дар доираи сафари худ ба рафти омодагиҳои муассисаҳои таълимии рақамҳои 5, 7, 9, 10 ва 19-и ноҳияи Муъминобод ба соли нави таҳсил шинос шуд. Феълан дар мактабҳои Тоҷикистон таътили тобистона идома дорад

ДУШАНБЕ, 16  июн — Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ҳангоми таътил аз мактабҳои ноҳияи Мӯъминобод боздид намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорат гузориш медиҳад.

Министр здравоохранения Таджикистана Джамоллидин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ таъкид кард, табобати беморони вируси корона комилан ройгон аст

Гуфта мешавад,  Муҳаммадюсуф Имомзода дар доираи  сафари худ ба рафти омодагиҳои муассисаҳои таълимии рақамҳои 5, 7, 9, 10 ва 19-и  ноҳияи Муъминобод ба соли нави таҳсил шинос шуд.

"Зимни шиносоӣ аз муассисаҳои мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз ҷониби Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) сохтмони 10 синфхона барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №9 деҳаи Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба анҷом расида, муҷаҳҳазгардонии муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ идома дошта, дар назар аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ он ба истифода дода шавад", - менависад манбаъ.

Сафири Олмон ба Имомзода гуфт: донишҷӯёни олмонӣ забони тоҷикӣ меомӯзанд

Дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд дар ноҳияи Муъминобод сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №5 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангдара, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №7-и деҳаи Туту ва сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №10 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Бӯстон ба рӯйхати иншооти сохташаванда ворид карда шудааст.

Имомзода бо омӯзгорону кормандони муассисаҳо мулоқот низ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0