Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Вазири тандурустӣ таъкид кард, табобати беморони вируси корона комилан ройгон аст

© Медицинский центр "Истиклол"Министр здравоохранения Таджикистана Джамоллидин Абдуллозода
Министр здравоохранения Таджикистана Джамоллидин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷиккистон эълон доштааст, ки маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ дар кишвар басанда аст ва табобати беморони вируси корона дар бемористонҳо пурра ройгон аст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар суҳбато бо АМИТ “Ховар” таъкид доштааст, ки имрӯз дар Тоҷикистон маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ басанда мебошад.

Жители города Душанбе в медицинских масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Бидуни фавт: Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

Ба гуфтаи вай, он маводу дорувориҳое, ба Вазорати тандурустӣ ворид мешаванд, ба таври кофӣ  захира карда шудаанд.

“Баъзе муассисаҳое ҳастанд, ки маводу дорувориҳои якмоҳаи худро захира намудаанд.   Назорати тақсимоти маводи доруворӣ пурзӯр гардида, супориш дода шудааст, ки беморон сари вақт бо   дорую давои зарурӣ таъмин карда шаванд. Тақсимоти маводи доруворӣ ба муассисаҳои тандурустӣ зери  назорати бевоситаи Вазири тандурустӣ қарор дорад”,- қайд кардааст Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ҳамчунин вазир зикр кардааст, ки вазорат дар таъмини дору ягон мушкилӣ надорад ва тамоми доруворие, ки дар протоколи табобат  зикр гардидааст, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмин карда шудааст.

Ҳамзамон Абдуллозода қайд кард, ки табобати беморони COVID-19 пурра ройгон аст.

“Албатта, баъзе доруҳое ҳастанд, ки аз дорухонаҳо  дастрас карда намешаванд. Тақсимоти дурусти дору ба бемор  аз виҷдони ҳар як табиб низ вобастагӣ дорад”, - гуфт вазир.

Ёдрас мешавем, ки   то 25 май дар кишвар 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.

Гузашта аз ин , то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0