Гӯшанишини иҷборӣ: як тоҷикистониро дар Русия аз деҳаи беодам бурун оварданд

© PixabayПожилой мужчина в кепке
Пожилой мужчина в кепке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рафқат Абзалов, як марди тоҷикистониро дар Русия, ки дар деҳаи мурдае танҳо ба сар мебурд, ба деҳаи дигар кӯчониданд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Рафқат Абзалов, як марди тоҷикистонӣ, дар як деҳаи дурдасти Русия дар наздикии Уфа, дар қишлоқи хурдакаки Кирилло-Кармасан тамоман танҳо зиндагӣ мекард. Зиндагии ин пирамарди бознишаста рӯзе куллан тағйир ёфт.  Дар ин бора РИА Новости гузориш омода кардааст.

Здание МВД в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бозгашти модари тоҷик бо 3 кӯдак аз Сурия: раҳмат барои пазироии роҳгумзадаҳо
Sputnik Тоҷикистон пештар низ дар бораи зиндагии Абзалов гузориш дода буд: ин мард чанд сол пеш, охирҳои солҳои 80 ба қасди Русия тарки Тоҷикистон кардаву дар муҳоҷират дар сохтмоне кор мекардааст. Сипас ба колхоз ба кор даромадаву дар як хонаи чӯбине ба сар мебурдааст.

Аммо тақдир ба рӯяш нахандидааст: колхоз пош хӯрдааст. Ин марди тоҷикистонӣ маҷбур ба як қишлоқи камодам меравад, ки то рафт камодамтар мешуд.

"Обро аз чашмае мекашонам, ки тақрибан дар як километр дуртар ҷойгир аст. Зимистон бо санка ва баҳорон бо дучарха ба чашма меравам", - нақл мекунад Рафқат.

Вақте ки Рафқат Абзалов ба деҳаи Кирилло-Кармасан кӯчида буд, дар он ҷо панҷ оила зиндагӣ мекарданд.

"Оҳиста - оҳиста ҷавонҳои деҳа рафтанду танҳо пиронсолон монданд. Ҳар яки онҳоро ман худам ба хонаи охират гусел мекардам. Охирон ҳамсояамон Нина зимистони ҳамин сол даргузашт. Дар натиҷа, ман худам пурра танҳо мондам", - мегӯяд мард.

Душевые кабинки в лицее №3 в г. Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Марги мармузи муҳоҷири 23-солаи тоҷик дар ҳамоми фабрикаи мурғпарварӣ

Шурӯъ аз соли 2010 мард дар деҳа танҳо зиндагӣ мекардааст. Ӯ одамонро танҳо дар мағозае, ки се километр дуртар аз хонааш будааст, медидааст. Почта аз манзили мард 9 километр дуртар будааст. Ӯ дар роҳ зимистон аз лижа ва тобистон аз дучарха истифода мекардааст. 

Абзалов қариб тан дода буд, ки дар ин деҳаи холӣ то охири умр танҳо мемонад, аммо як қазия зиндагии ӯро тамоман дигар кардааст.

"Моҳи март, чун ҳамешагӣ ба мағозаи хӯрокворӣ ба деҳаи Самарино мерафтам. Дар ағба чашмам ба мошине афтод, ки ба барф дар монда буд. Ба ронанда барои роҳо шудани мошин кӯмак кардам. Дар сари чанбар зане бо номи Елена менишаст. Ӯ шигифтзада буд, ки дар чунин чету канор ҳам одам зиндагӣ мекардааст", - нақл мекунад пирамард.

Ҳамин тавр, тақдир ӯро бо ризокорон рӯ ба рӯ кардааст. Онҳо тамоми кӯшишро анҷом додаанд, то мардро аз ин деҳаи дурдаст берун оранд.

Барои ин зодаи Тоҷикистон хонаи нав пайдо карда, одамони саховатманд маблағи лозимаро ҷамъоварӣ карданд. 

Рафқат Абзалов аллакай ба хонаи нав кӯчидааст: анҷомашро ҷо ба ҷо мекунад. Акнун обкашонӣ ва ҳезумшиканӣ лозим нест. Дар хонаи нави пираманд тамоми шароит об, газ ва нерӯи барқ ҳаст.

Спасательный круг. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷасади муҳоҷири ғарқшудаи тоҷик дар Саратов дарёфт шуд
Хонаи нави ин зодаи Тоҷикистон дар деҳаи Самарино ҷойгир аст. Дар ин деҳа наздики 200 манзил аст ва дар ҳамаи хонаҳо одамон зиндагӣ мекунанд. 

"Ҳатто каме аҷиб аст. Дар як торикие зиндагӣ мекардам, ҳоло бошад, хонаам хело васеву кушод аст. Агар қувватам расад,хоҷагӣ медорам", - мегӯяд вай бо изҳори шодмонӣ. 

Ризокорон феълан дигар мушкилиҳои ин пирамарди тоҷикистониро ҳал мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0