ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ахиран ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар дарёи Иргизи калон дар вилояти Саратов ғарқ шуда буд, дарёфт шуд, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.
Бар хабари манбаъ, ҷасади шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистонро наҷотбахшон аз чуқурии беш аз 4-5 метри қаҳри дарё 25 метр дуртар аз соҳил дарёфт намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи нохуш субҳи 7- уми июли соли ҷорӣ дар ҳоле рух дод, ки ду нафар савори мотосикли обӣ дар дарё ҳаракат менамуданд, ки баногоҳ мотосикли онҳо чаппа шуда мусофирон дар об ғутта заданд.
Як тан аз онҳо тавонист зинда ба соҳил шино карда барояд, вале нафари дуввумӣ, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд дар об ғарқ шуд.
Чигуна худ ва ғарқшавандаро дар об эмин нигоҳ дошт
Зимнан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, соли ҷорӣ ба далели риоя накардани қоидаҳои оббозӣ дар кишвар 64 нафар ҷон бохтаанд.
Дар дарёи Душанбе боз як ҷавони дигари 18- сола ғарқ шуд-навор
Кормандони Раёсати КҲФ аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал оварданд, то танҳо дар минтақаҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат дода шудааст ва ба манотиқе, ки иҷозаи шиноварӣ дода нашудааст, нараванд. Муҳимтар аз ҳама кӯдакони худро беназорат нагузоранд.