Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

4,5 ҳазор дар як рӯз: COVID -19 дар Арабистон пас аз ифтитоҳи масоҷид якбора авҷ гирифт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкТестирование на наличие антител к COVID-19, архивное фото
Тестирование на наличие антител к COVID-19, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабонарӯзи ахир дар Арабистони Саудӣ беш аз 4,5 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар Арабистони Саудӣ сар аз 1 - уми июн дари масоҷид ба рӯи намозгузор боз гардид. Қаблан дар робита ба хуруҷи маризии коронавирус дар Арабистони Саудӣ қарантини сартосарӣ ҷорӣ буд ва фаъолияти масоҷид низ мутаваққиф шуд.

Паломничество в Мекку - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷ - 2020 лағв мешавад? Дар Арабистони Саудӣ теъдоди маризони COVID -19 рӯ ба афзоиш аст

Хабаргузории Аlarabia.net менависад бо ифтитоҳ шудани кори масоҷид мавориди сироятшавӣ ба ин беморӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.

Бар тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи тандурустӣ, агар аз аввали мавсим то имрӯз дар ин кишвар 132 048 нафар сироят ёфта бошанд, баъд аз оғози фаъолияти масҷидҳо ва бекор кардани карантин 46 787 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ки 35,4 фоизи шумораи умумии сироятёфтагонро ташкил медиҳанд.

Дархости Арабистони Саудӣ аз мусалмонони ҷаҳон: аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ кунед

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки танҳо дар шабонарӯзи охир 4507 нафар аз вируси нав сироят ёфтаанд.

Сабаби ногаҳон авҷ гирифтани мавҷи дуюми бемориро коршиносони соҳа чунин шарҳ медиҳанд, ки дар ин кишвар барои фаъолияти масҷидҳо хеле барвақт рухсат дода шудааст.

Маҳз таҷаммуи одамон дар масҷидҳо боис гардидааст, ки ин беморӣ ногаҳон ва бо суръати тез паҳн шавад.

Лентаи хабарҳо
0