Омори тозаи гирифторону шифоёфтагони COVID-19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 62 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 15 июн дар Тоҷикистон 5 ҳазору 97 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардид. Тайи шабонарӯзи гузашта 62 ҳолати нави сироятёбӣ сабт шудааст.

Заседание правительства РТ - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар вазоратҳои тандурустӣ ва корҳои дохилӣ

Манбаъ афзуд, ки аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3 ҳазору 503 нафар, ё 68,7%  шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 50 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ Тоҷикистон таъкид намудаст, ки то 15 июни соли равон дар мамлакат 508 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 94 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилоияи расмӣ, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

“Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд”, - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0