ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, бо қарорҳои Ҳукумат, Раҳмонзода Саиднахш ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ таъйин гардид.
Муҳсинзода Ғафур ба вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ализода Самариддин ва Абдусаматзода Зулфия ба вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин карда шуданд.
Умарзода Саида аз вазифаи муовини якум, Одиназода Азиз ва Камолзода Мирҳамуддин аз вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Субҳиддин муовини якум ва Рустамзода Дилафрӯз муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин гардида, Бобошоҳзода Маҳмадшариф ва Бақозода Сайрам аз вазифаҳои муовини якум ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод карда шуданд.
Инчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин намудан ба вазифаи сардори шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони ВМКБ, ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон розигӣ дода шуд.