ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҳунарпешаи машҳур, тарроҳ ва сарояндаи уругвайӣ Наталия Орейро ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани шаҳрвандии Русия супоридааст, хабар медиҳад ТАСС.
Чуноне сароянда гуфтааст, гирифтани шаҳрвандиро ба ӯ Сафорати Русия дар Аргентина пешниҳод кардааст, чун зуд-зуд ӯ аз Русия боздиди мекунад.
"Ман гуфтам барои ман ин шараф аст. Ман як қиёмат ҳуҷҷатҳоро пур кардам ва акнун онҳо дар баррасӣ қарор доранд", - қайд кард Орейро.
Сароянда афзуд, ки аз ҳаводоронаш чандин маротиба шиносномаҳои қалбакии Русияро ҳадя гирифтааст ва акнун хеле мехоҳад, шиносномаи воқеъӣ гирад.
"Ман шиносномаҳои зиёде дорам, ки ҳаводоронам ҳадя кардаанд - наздики 15 дона", - гуфт Наталия.
Ёдрас мешавем, ки моҳи марти соли гузашта, Наталия Орейро дар барномаи "Вечерний Ургант" қайд кард, ки худро рус эҳсос мекунад ва аз президенти Русия Владимир Путин шиносномаи русӣ талаб кард.
Наталия Орейро 19 майи соли 1977 дар яке аз шаҳрҳои Уругвай-Монтевидео ба дунё омадааст.
Замоне Орейро 8 сол дошт, ба курси ҳунарпешагӣ рафт. Аз 12 солагӣ ӯ дар рекламаҳо нақш меофарид ва аз 14-солагӣ бошад, ёрдамчии асосӣ дар барномаи телевизионӣ шуд.
Дар 16-солагӣ Наталия ба Буэнос-Айрес сафар кард. Ӯ пас аз нақшофарӣ дар филми "Дикий ангел" маъруф шуд.