Рӯзи 14 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1941 Агентии иттилоотии Русия -ТАСС овозаи омодагии Германия ба ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравиро эълон карда буд.
Соли 1938 дар Амрико хлорофилл (моддаи сабзе, ки ба растанӣ ранги сабз мебахшад) ихтироъ шуд.
Рӯзи 14 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1931 ноҳияи Файзобод таъсис дода шуд.
Сли 2018 Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок кард.
Соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти шашуми «Панҷгонаи Шанхай» баргузор гардид. Дар ҷараёни нишаст Баёния дар бораи табдил додани «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин пешниҳод дар бораи ба узвияти СҲШ қабул намудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.
Соли 2010 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро муҳокима намуд.
Ҷашнҳои рӯзи 11 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди Осиё оид ба муҳорибаҳои гуногун баргузор гардид.
Соли 2011 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини президенти Агентии Япония оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёшки Кодер баррасӣ гардиданд.
Соли 2011 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Соли 2012 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба машқгоҳи ҳарбии Чоруқдарони вилояти Суғд сафар карда, рафти машқҳои байналмилалии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро бевосита назорат карданд.
Ҷашнҳои рӯзи 14 июн
- Рӯзи байналмилалии блогнависон.
- Рӯзи байналмилалии донорҳои хун.
- Дар Латвия ва Эстония- Рӯзи ёдбуди ҷазогирифтагони коммунистӣ.
- Дар Русия- Рӯзи кормандони Хадамоти муҳоҷират.
- Дар Амрико иди миллӣ- Рӯзи парчам.