Рӯзи 12 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1867 империяи Австро-венгриягӣ ташкил гардид.
Соли 1900 дар Олмон қонун дар бораи Флоти ҳарбии баҳрӣ қабул гардид, ки тибқи он бояд дар давоми 20 сол 38 киштӣ сохта мешуд.
Соли 1919 Федератсияи футболи Полша таъсис дода шудааст.
Соли 1928 дар Чикаго аввалин маротиба барномаҳои шабакаи телевизионии WCFL ба эфир баромаданд. Ин шабакаро Улисс Санабриа таъсис дода буд.
Соли 1934 дар Булғористон фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ манъ шуд.
Соли 1990 сензура дар қонун "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма"-и СССР бекор карда шуд.
Соли 1991 дар аввалин интихоботи президентии Федератсияи Русия Борис Елсин роҳбари давлати ин кишвар интихоб гардид.
Соли 2017 бори нахуст ҳавопаймои ширкати миллии ҳавонавардии Туркманистон -«Turkmenistanairlines» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.
Соли 2017 дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Рӯзи 12 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2008 дар ВМКБ Ассосиатсияи сайёҳии PECTA таъсис ёфт.
Соли 2012 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд.
Соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафар аз Люксембург бо сафари расмӣ ба Венгрия рафт. Масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар дар мулоқоти «як ба як»-и сарони давлатҳои ду кишвар ва пас аз он бо иштироки ҳайатҳо баррасӣ гардид.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнии бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, оғози сохтмони иншооти зиёди дигар, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай- «Рисолати сулҳҷӯёна» ба вилояти Суғд сафар кард.
Ҷашнҳои рӯзи 12 июн
- Рӯзи байналмилалии мубориза ба меҳнати кӯдакон.
- Дар Русия иди умумимиллӣ — Рӯзи Русия ё худ Рӯзи эълон гардидани Истиқлолияти он.
- Дар Украина — Рӯзи бозори хазинавӣ.
- Дар Туркманистон — Рӯзи илм.
- Рӯзи дилдодаҳо дар Бразилия.
- Рӯзи сулҳ дар Парагвай.
- Рӯзи истиқлоли Филиппин.
Рӯзи 12 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Акомад Азимов (1957-2011) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Алиҷон Бойматов (1945) – доктори илми иқтисод, профессор.
Зебуниссои Тоҳириён (1965)- шоира.
Ҷонон Икромӣ (1936-2012) – доктори илми химия, профессор.
Қодир Достӣ (1895-1946)- шоир.
Темур Муҳиддинов (1936-2012)- муаррих, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Набиҷон Робеъҷонов (1938 – 2000) – доктори илми техникӣ, профессор.
Шариф Тағойназаров (1941) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.
Манзур Ҷалилов (1933 – 1994) – доктори илми геологӣ, акдемики АИ Тоҷикистон.
Раҳмон Шукуров (1963) – доктори илми кишоварзӣ.
Ҳакими Даврон (1987) - журналист.