ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Табибони Лаҳистон ва намояндагони СҶБ - ро субҳи рӯзи 14 - уми июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустии кишвар певоз гирифтанд.
Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, тими нави табион ва намояндагони СҶБ аз 9 нафар иборат аст.
Ҳадафи аслии ташрифи пизишкон ва мутахассисони хориҷӣ ба Тоҷикистон табодули таҷриба ва расондани кумак дар роҳи пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус гуфта мешавад.
Кумаки СҶБ ба Тоҷикистон расид: 1 тон таҷҳизоти пизишкӣ ва гурӯҳе аз пизишкони лаҳистонӣ
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади табодули таҷриба бо пизишкони тоҷик, қаблан табибони варзидаи кишварҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой низ ба Тоҷикистон омада буданд.
Ҳамзамон, шоми 6 июн гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон ташриф оварда, то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат дидан намуданд.
Дар Тоҷикистон расман бурузи маризии коронавирусро 30 - юми апрел эълон карданд ва то имрӯз аз ин беморӣ 50 мариз ҷон аз даст доданд.