ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣимрӯз, 8 - уми июн бо гурӯҳи калони табибони Полша, ки шоми 6 июн ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, вохурӣ намуд.
Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва кишвари Полша ёдовар шуда, ташрифи табибони ин кишварро ба мамлакат идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 мебошад.
Коронавирус: се намояндани СУТ ва пизишкон аз Полша вориди Тоҷикистон шуданд
Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ як гурӯҳи 14 - нафараи табибони Чин ба Тоҷикистн ташриф оварда буданд ва бо пизишкони тоҷик дар мубориза бо маризии коронавирус кӯмак менамуданд.