ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Як хонандаи Sputnik Тоҷикистон ба ин таваҷҷӯҳ кардааст, ки дар гузинаи русии тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 112 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон омадааст, соҳибмансабон бори аввал агар ба кирдори ғайриқонунӣ даст зананд, бештар аз он ҷарима мешаванд, ки онро бори дуввум содир карда бошанд.
Тибқи ин санад, ки тағйиру иловаҳои ахири воридшуда ба моддаҳои 112 ва 113 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷикистонро дар бар мегирад, барои нақзи талаботи қисми 2 – и моддаи 112 ҷарима барои мансабдорон аз 60 то 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда – 58 сомонӣ) таъин шудааст. Аммо дар қисми 3, ки ба қисми 2 – и моддаи 112 илова шудааст, омадааст, афроди соҳибмансаб аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешавад.
Бахтиёр Насруллоев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ин як кори боварнокарданист ва баъид аст, ки дидаю дониста, вазорати адлия ё Маҷлиси намояндагон ба ин иштибоҳ роҳ дода бошанд.
“Ҷазои дуюм аз ҷазои якум бояд зиед бошад. Зеро инро дар илми ҳуқуқ “ретсидив” – такрори дубораи ҷурм ё қонунвайронкунӣ мегӯянд ва табиист, ки як нафар аз ҷаримаи аввалӣ сабақ нагирифта, дигарбора қонуншиканӣ кунад, ҷазояш ҳам вазнинтар ва худаш ҳам хатарноктар мешавад. Боварӣ дорам, ки ин хатои огоҳона нест, ё ҳадди ақал ҳангоми тарҷума ё навиштани матн иштибоҳ шудааст”, - гуфт Бахтиёр Насруллоев.
Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, ки дар расми муаррифии ин тағйиру иловаҳо дар ҷаласаи ахири палатаи поёнӣ аз онҳо ҳимоят намуда, мавқеи намояндагони халқро баён карда буд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имкон надорад, ки чунин бошад.
“Агар чунин бошад, эҳтимолан хатои техникӣ рафтааст. Ҳоло ин матн дар наздам нест. Аммо агар ҳамчунин иштибоҳ рафта бошад, ҳатман баррасӣ ва ислоҳ хоҳад шуд”, - гуфт Равшан Раҷабзода.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ, моддаҳои 112 ва 113 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як қатор тағйиру иловаҳо ва дар тақвияти моддаи 374 – и кодекси мазкур як моддаи нав илова кард.
Тағйиру иловаҳоро дар Маҷлиси намояндагон Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Ин моддаҳо ҷаримаву зиндон барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, мубориза бо эпидемия ва нашру парокандани ахбори бардурӯғро маълум мекунанд.
Қисми 2 – и моддаи 112 қоидаю меъёрҳоеро назар дорад, ки замони буруз ва густариши маризии барои инсон хавфнок, ё ҳангоми иҷрои маҳдудиятҳои қарантинӣ ё риоя накардани дастур (қарор) - ҳо, ё талаботи мақомот (афроди масъул), ки назорати санитарию эпидемиологиро дар замони иҷрои тадобир назорат мекунанд, иттифоқ меафтанд. Ҷарима ҳам барои ашхоси ҳақиқӣ аз 7 то 12, соҳибкорони муҷаввиздор аз 20 то 30, соҳибкорони шаҳодатномадор аз 40 то 60, афроди соҳибмансаб аз 60 то 80 ва ашхоси ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои хисобҳо муайян шудааст.
Гузашта аз ин, барои тақвияти қисми 2 қисми 3 афзуда мешавад, ки бино ба он, кирдори дар қисмҳои 1 ва 2 такрорёфта тайи як сол муҷозоти шадидтар доранд, аз ҷумла барои ашхоси ҳақиқӣ аз 15 то 20, соҳибкорони муҷаввиздор аз 30 то 40, соҳибкорони шаҳодатномадор аз 60 то 80, афроди соҳибмансаб аз 40 то 50 ва ашхоси ҳуқуқӣ аз 200 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.