Раҳмон созишномаи алоқаи ҳавоӣ ба Аврупоро барои тасвиб ба парлумон фиристод

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти УзбекистонЭмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, созишнома бо Ҳукумати Фаронса дар бораи алоқаи ҳавоиро имзо карда, барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон фиристод

ДУШАНБЕ, 13 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи май бо имзои як қарор, Созишнома байни Ҳукумати  Тоҷикистон ва Ҳукумати Фаронса оид ба алоқаи ҳавоиро барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагони ирсол намуд. Ин созишнома 8 ноябри гузашта дар Париж имзо шуда буд.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо табибони лаҳистонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чунинро интизор набудем: табибони Лаҳистон дар бораи мубориза бо сovid 19 дар ВМКБ

Феълан дар бораи санаи анҷоми расмиёт ва оғози амали созишнома миёни Тоҷикистону Фаронса иттилои дақиқе ироа нашудааст.

Созишнома дар бораи парвозҳо яке аз санадҳои меҳварӣ буд, ки зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Париж моҳи ноябри соли гузашта имзо гардида буд.

Зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ширкатҳои ду кишвар баррасӣ намуда,  таъсиси Агентии рушди Фаронса дар Тоҷикистонро зурур шумурд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 20 ширкату коргоҳҳои фаронсавӣ фаъолият доранд.

Лентаи хабарҳо
0