Охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон: ҳудуди 145 ҳазор нафар беҳбуд ёфт

© Sputnik / Soheil GhanbarzadehСитуация с коронавирусом в Иране
Ситуация с коронавирусом в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон аз шиносоии беш аз 2 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба вируси корона ва беҳбудии ҳудуди 145 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон имрӯз бо гуфтугӯ бо рзноманигорон гуфт,  дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 369 бемори ҷадиди мубтало ба “Ковид – 19” дар кишвар шиносоӣ шудаааст.

Люди в защитных масках после вспышки коронавирусной болезни в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Мубориза идома дорад: сирояти беш аз 171 ҳазор нафар ба вируси корона дар Эрон

Вай афзуд, ки 687 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони “Ковид -19” дар Эрон ба 182 ҳазору 545 нафар расидааст, афзуд, дар тӯли 24 соати гузашта 75 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 8 ҳазору 659 нафар расид.

Паёми раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ба раёсати Маҷлиси Шурои исломии Эрон

Инчунин, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ёдовар шуд, то кунун 144 ҳазору 649 нафар аз беморон беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0