ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, имрӯз дар бораи охирин омори гирифторон дар Эрон гуфт, дар 24 соати гузашта, 2 364 бемори ҷадиди коронавирус дар кишвар шиносоӣ шуд.
Вай афзуд, 648 маврид бистарӣ шуданд ва бақия низ пас аз муоина, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.
Ҷаҳонпур афзуд ҳамчунин қайд кард, ки дар шабонарӯзи гузашта, 72 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон,ба 8 281 нафар расид.
Ҳамзамон раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ёдовар шуд, то кунун маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 171 789 нафар расидааст, ки аз ин теъдод, 134 349 нафар беҳбуд ёфтаанд.