Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Теъдоди шифоёфтагони маризии коронавирус дар ҷаҳон марзи 3 миллион нафарро убур кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВрач и пациент в госпитале для лечения больных COVID-19
Врач и пациент в госпитале для лечения больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар тибқи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ба ҳолати 10 - уми июн дар ҷаҳон аз маризии сироятии коронавирус 3 602 601 нафар шифо ёфтанд

ДУШАНБЕ, 10  июн — Sputnik. Аз 7 318 131 дардмани коронавирус дар ҷаҳон, аллакай беш аз 3 миллион нафар комилан шифо ёфтаанд, хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

Врач и пациент в госпитале для лечения больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Сартабиби шаҳри Истиқлол: омори гирифторӣ ба коронавирус сифр аст

Ба гузориши созмони мазкур, шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон ба ин беморӣ боз 121 751 нафар мубтало шудаанд. Ҳамчунин манбаъ теъдоди умумии қурбониёни вируси COVID - 19 - ро ба 413 648 нафар арзёбӣ кард.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико (2 045 549 нафар), Бразилия (742 084), Русия (485 253), Британияи Кабир (289 140), Испания (289 046), Ҳиндустон (276 146), Италия (235 561), Перу (203 736), Олмон (186 516) ва Эрон (172 114) дохил мешаванд.

СУТ аз ҷаҳиши дубораи "мудҳиш"-и коронавирус дар ҷаҳон ҳушдор дод

Зимнан, дар сафи кишварҳое, ки теъдоди шифоёфтагон аз ҳама баландтар аст инҳо қарор доранд: Амрико (788 862 нафар), Бразилия (325 602), Русия (242 397), Олмон (170 200), Италия (168 646), Туркия (144 598), Эрон (138 457), Ҳиндустон (134 670), Чили (95 631) ва Чин (92 929).

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (114 148 нафар), Британияи Кабир (40 883), Бразилия (38 497), Италия (34 043), Франсия (29 296), Испания (27 136), Мексика (14 649), Белгия (9 619), Германия (8 831) ва Эрон (8 425) шомил мебошанд.

СҶБ зикр мекунад, ки маризии сироятии коронавирус дар беш аз 210 давлату ҳудуд доман паҳн намудааст.

Лентаи хабарҳо
0