Гирифтории 1701 корманди тиб ба COVID‐19 ва даъват аз пизишкони Аврупою Русия

© SputnikМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари СММ бо такя ба мақомоти тоҷик гузориш дод, ки 1 ҳазору 701 корманди тиб дар Тоҷикистон гирифтори COVID‐19 шуданд

ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Тибқи гузориши дафтари СММ дар Тоҷикистон, 1701 нафар, ё худ 36 дарсади гирифторони COVID‐19 дар кишвар, ки расман эълон шудаанд, кормандони соҳаи тандурустӣ мебошанд.

Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Абдуллозода бо мутахассисони Полша: як моҳ ба табибони тоҷик кумак мерасонанд

Ба иттилои дафтари СММ дар Тоҷикистон, аз ҷумла 619 пизишк ва 548 ҳамшираи шафқат гирифтори COVID‐19 гардидаанд. Сабаби мубталошавии кормандони тиб камбуди воситаҳои муҳофизатӣ дар марҳилаи аввали хуруҷи COVID‐19 арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба кишвар табибон аз Олмон, Бритониё ва Русия ворид хоҳанд шуд.

Дар ин бора Бахтигул Кариева, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии виртуалӣ дар Женева хабар дод.

“Рӯзҳои наздик бо дархости ҳукумати Тоҷикистон мутахассисони ташхиси лабораторӣ аз Олмон, Русия ва Бритониё барои кумак ба ҳамтоёни тоҷикашон хоҳанд омад”, - изҳор дошт роҳбари намояндагии СҶТ.

Ин дар ҳолест, ки ахиран гуруҳи табибон аз Лаҳистон барои мубориза бо коронавирус вориди Тоҷикистон шуданд.

Лентаи хабарҳо
0